Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 МВт ба истифода доданд

Сентябрь 21, 2026 09:32

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён энерҷӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад.

Бунёди чунин иншооти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт аз иқдомҳои муҳимми марбут ба рушди соҳаи энергетика ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир истифодаи имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла неруи офтоб, яке аз самтҳои муҳими рушди энергетика ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаровони истифодаи энергияи офтобӣ буда, татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаи энергетикии кишвар мусоидат менамояд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст.

Дар масири ин хат 36 поя насб гардида, барои интиқоли барқи ин неругоҳ ба низоми энергетикии кишвар заминаи зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Корҳои сохтмонии иншоот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ анҷом ёфта, дар раванди он беш аз 600 бинокорон аз ҷамъияти саҳомии кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Ҷалби чунин шумораи зиёди мутахассисон ва коргарон ба раванди сохтмон имкон фароҳам овардааст, ки корҳои асосии иншоот дар муҳлати кӯтоҳ ва бо истифода аз таҷрибаи муосири сохтмони иншооти энергетикӣ ба роҳ монда шаванд. Тибқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори неругоҳи фотоэлектрикии офтобии Ашт ба 250 мегаватт расонида мешавад.

Бо пурра ба истифода додани иқтидори лоиҳавӣ неругоҳ метавонад ба яке аз иншооти муҳимми истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар табдил ёбад.

Лоиҳаи мазкур ҳамзамон дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Зеро татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, барои рушди инфрасохтор, истифодаи технологияҳои муосир, омода намудани мутахассисон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин гардиданд.

Неругоҳи офтобии Ашт дар замоне ба истифода дода мешавад, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи энергетика, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои созандагӣ идома доранд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.

Азбаски қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад, бо ба фаъолият оғоз намудани неругоҳи офтобии Ашт талафоти энергияи барқ низ кам мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 сохта, ба истифода дода шаванд.

Барои тақвияти кори низоми энергетикии вилоят Пешвои миллат тавсия доданд, ки дастгоҳҳои захиракунандаи энергияи барқ бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт·соат дар вилояти Суғд дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор дода шаванд.

Бунёди ин иншооти бузург дар ноҳияи Ашт қадами дигар дар самти рушди энергетикаи кишвар ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиии Тоҷикистон мебошад.

Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт 21.09.2026

Сентябрь 21, 2026 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон