Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 1, 2019 12:16

01.09.2019, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз ҳамаи мо дар маросими ифтитоҳи боз як муассисаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ки самараи марҳалаи созандагиву ободкории кишварамон мебошад, иштирок мекунем.

Ба ин муносибат ҳамаи кормандони муассисаҳои тиббии пойтахтро табрик гуфта, барояшон дар ҷодаи ҳифзи сиҳатии сокинон барори кор орзу мекунам.

Дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббии имрӯза туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад.

Чунонки сокинони муҳтарами пойтахти азизамон вақтҳои охир мушоҳида мекунанд, бо ташаббусу иқдомоти созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва заҳмати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиёни тоҷик қариб ҳар рӯз иншооти таъиноти мухталиф, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои муосир, майдонҳои варзишу боғу гулгаштҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Ифтитоҳи беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакон дар шаҳри Душанбе низ яке аз дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни бузурги истиқлолияту озодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бинои то имрӯз амалкунандаи беморхона соли 1939 бунёд гардидааст ва дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун госпитали эвакуатсионӣ фаъолият кардааст.

Муассисаи тиббии мазкур аз соли 1963 то ба имрӯз, яъне дар зарфи 56 сол ҳамчун беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакон фаъолият мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд бинои беморхона тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чандин маротиба таъмиру азнавсозӣ шудааст, вале бо сабаби солҳои тӯлонӣ фаъолият карданаш хеле фарсудаву куҳна гардидааст.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити фаъолияти табибон, ба роҳ мондани усулҳои муосири табобат ва таъминоти муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ зарурати бунёди бинои нави беморхона ба миён омад, зеро табобати бемориҳои сироятӣ, хусусан, дар байни кӯдакон шароиту таҷҳизот ва таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад.

Барои бунёди бинои нави беморхона аз мавзеъи Маҷмааи табобатии “Истиқлол”, ки мо ҳоло қарор дорем, қитъаи замин ҷудо карда шуд ва ҷиҳати сохтмони он зиёда аз 28 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои харидории таҷҳизоти тиббӣ беш аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Бунёди беморхона дар муддати як сол бо заҳмати софдилонаи мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои меъмории муосир анҷом ёфт ва имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои нави беморхона ва шуъбаҳои он бо тамоми шароити замонавии ташхису табобат ва таҷҳизоти навтарини тиббӣ таъмин карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки бо бунёди муассисаи тиббии имрӯза яке аз мушкилоти пойтахт, яъне ҳарчи бештар ба табобат фаро гирифтани кӯдакон ҳал гардид.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, мутахассисону меъморон, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар қомат афрохтани муассисаи тиббии имрӯза саҳм гузоштаанд, миннатдории самимии худро изҳор менамоям.

Хотирнишон месозам, ки мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаи тиббии то имрӯз фаъолиятдошта на танҳо ба табобати кӯдакони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атроф машғуланд, балки табибони он ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карда, ба мардум доир ба пешгирӣ кардан ва коҳиш додани бемориҳои сироятӣ кумаки табобативу машваратӣ мерасонанд.

Дар беморхона ҳар сол зиёда аз 4000 нафар кӯдакон ба табобат фаро гирифта мешаванд. Дар натиҷаи фаъолияти самарабахши мутахассисону кормандони муассисаи зикршуда дар давоми 5 соли охир фавти кӯдакони сироятёфтаи бистаришуда 50 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин ҳамчун нишондиҳандаи хуб арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои асосии муваффақияти муассиса, пеш аз ҳама, ба дараҷаи касбияти кормандон вобаста аст. Дар натиҷаи чораҳои дар ин самт амалишуда сатҳи касбии табибон дар панҷ соли охир аз 70 то 92 фоиз, аз ҷумла ҳамшираҳои шафқат то 98 фоиз баланд гардида, 6 нафар соҳиби дараҷаи олии тахассусӣ шудаанд.

Тибқи таҳлилҳо дар беморхона, инчунин, ба тарбияи мутахассисони ҷавон аҳаммияти ҷиддӣ дода мешавад.

Беморхона тӯли даҳсолаҳо воқеан чун як маркази умумиҷумҳуриявӣ доир ба омӯзиши масъалаҳои вобаста ба бемориҳои сироятӣ, роҳҳои ҳозиразамони табобат ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис, инчунин, пойгоҳи асосии илмиву амалӣ барои муассисаҳои муолиҷавию илмӣ, илмиву таҳқиқотӣ, курсҳои такмили иқтисос ва бозомӯзӣ хизмат мекунад.

Дар иртибот ба ин, таъкид менамоям, ки табибону кормандони ин соҳаи бисёр муҳимми тибро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, марказҳои шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва мубориза бо вируси норасоии масунияти одам бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон ва муассисаҳои таҳсилоти умумиву томактабӣ бо баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо ва тавассути васоити ахбори омма ҳарчи бештар ба роҳ монанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амалӣ гардидани як қатор барномаҳои миллӣ дар самти ба танзим даровардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбии кормандони соҳа, таъминоти озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир ва омода намудани мутахассисони сироятшиноси ватанӣ вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ба эътидол оварда шуд.

Таҳлили вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе дар 6 моҳи моҳи соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок қариб ба қайд гирифта намешавад.

Инчунин, сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди рӯдаву меъда, гепатит ва дигар бемориҳо назар ба ҳамин давраи соли 2018 хеле коҳиш ёфтааст.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва амалисозии барномаҳои миллӣ сатҳу сифати оби ошомиданӣ дар шаҳру ноҳияҳо нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардид. Дар ин раванд, қубурҳои оби ошомиданӣ ва шабакаи обполакҳои шаҳри Душанбе пурра азнавсозӣ карда шуданд.

Аз ҷониби мутахассисони муассисаи назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо мақсади сари вақт муайян намудани шахсони сироятшуда ва бистариву минбаъд ба табобат фаро гирифтани онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар баробари ин, зарур аст, ки аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус, дар манбаъҳои пайдоиши онҳо чораҳои доимӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Итминон дорам, ки кормандону табибони муассисаи навбунёди табобатии имрӯза минбаъд низ рисолати муқаддаси худро дар ҳифзи саломатии сокинон софдилонаву садоқатмандона иҷро мекунанд.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати 28-солагии истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи боз як беморхонаи нави замонавӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо ва хонадони сокинони шаҳри Душанбе фазои орому осуда, сиҳатмандӣ ва барору комёбӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату бардам бошед!

Сентябрь 1, 2019 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд