Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро баррасӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.09.19. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябри соли равон Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 сентябри соли 2019 ба имзо расид. Дар иҷлосияи мазкур ҳисоботи муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 шунида шуда, инчунин рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2019 мавриди баррасии вакилон қарор мегиранд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум вазифадор гардидаанд, ки то 18 сентябр дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Дар бораи рафти баргузории иҷлосия, масъалаҳои муҳокимагардида ва қарорҳои қабулшуда, иловатан иттилоъ пешниҳод мегардад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






