Вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо намунаи ёдгориҳои таърихии он шинос шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, меҳмононро дар саҳни Осорхона роҳбарият ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифтанд.
Сипас аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ бо меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар осорхона ба меҳмонон намунаи ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳои нодир, намунаи осори хаттӣ, ҳунарҳои қадимӣ, дар маҷмӯъ таъриху тамаддуни пурғановати мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун муаррифӣ гардид.
Диққати меҳмононро махсусан шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, нигораҳои бозгӯкунандаи ҳаёту рӯзгор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадимӣ, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта чун мероси аҷдодӣ боқӣ мондаанд, ҷалб намуданд.
Зикр гардид, ки шуъбаҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд.
Баҳодур Қурбонов баъд аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таассуроти нек чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои хешро дарҷ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов дирӯз бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.











Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






