Қаиқрони маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов аз Чемпионати Осиё бо ду медал ба Ватан баргашт

Октябрь 22, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 22.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр  варзишгари маъруфи  тоҷик Шаҳриёр Даминов аз шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ду медал- нуқра ва биринҷӣ ба Ватан баргашт. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин варзишгари маъруфро даҳҳо нафар ҳаводорону дӯстдорони ин навъи варзиш истиқбол намуданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, 17 октябр дар шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардида, то 20 октябр идома ёфт. 19 октябр варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр сабқат карда, бо натиҷаи 2:18:47.86 сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё гардид. Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон миёни 20 нафар аз 12 давлати ҷаҳон ҷои 11-умро ишғол кард.

Миёни варзишгарони Осиё медали тилло насиби варзишгари мизбон Йонгжуанг Суй бо натиҷаи 2:14:45.36, медали нуқра насиби варзишгари Япония Такаюкӣ Кокаҷӣ бо натиҷаи 2:15:50.40 шуд. Медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Варзишгари Чех Яқуб Брезина (2:05:42.04) ҷои дуюм, варзишгари Россия Кирил Шамшурин (2:05:50.13) мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов 17 октябр дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.

Октябрь 22, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд