Қаиқрони маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё соҳиби медали нуқра гардид

Октябрь 18, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардид, ки то 20 октябр идома меёбад. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир миёни калонсолон иштирок доранд.

17 октябр  Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр қувва озмуда, бо натиҷаи 18:23,70 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Дар ин масофа 19 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Шаҳриёр бо ин нишондод дар сатҳи ҷаҳон ҷои 15-умро ишғол кард.

Медали тиллои Чемпионати Осиё насиби варзишгари Чин Зиҳанг Ванг бо натиҷаи 17:12,47, медали биринҷӣ насиби Иссеӣ Такенака аз Япония бо натиҷаи 18:45,78 гардид.

Дар сатҳи ҷаҳон варзишгарони Испания Диего Ромеро (16:17,54) ва Мануэл Кампос (16:18,86) ду ҷои аввалро ба даст оварданд. Мақоми сеюм насиби варзишгари Чех Яқуб Березина (16:24.15) шуд.
Варзишгари дигарамон Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи якнафарӣ (К1) ба масофаи 3600 метр дар даври интихобӣ охирин шуда, ба марра расид ва ба финал роҳ пайдо накард. Дар ин қувваозмоӣ 33 нафар иштирок доштанд.

19 октябр варзишгарони мо дар масофаи миёна (26 км) қувва  месанҷанд.

 

Октябрь 18, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад