Ҳайати шаҳри Сямени Чин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Октябрь 24, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр ҳайати шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямен Чжан Сзян баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги мардуми тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳайати расмиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳамроҳӣ намуд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шахсони масъул пешвоз гирифта, дар сатҳи баланди касбӣ бо забони чинӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шинос гардиданд.

Ҳамчунин меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи бой ва фарҳанги пурғановати тоҷикон бештар шинос шуданд.

Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Сзян ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябр шурӯъ гардида, то  26 октябр идома меёбад.

Октябрь 24, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид