Ҷамшед Аҳмадзода: Услуби миллӣ санъати меъмории муосири тоҷикро такмил медиҳад

Октябрь 7, 2019 10:55

ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар сохтмонҳои баландошёнаи мамлакат маҳсулоти сохтмонии ватанӣ, аз ҷумла семент, қуму шағал, хишт, сангҳои ороишӣ, ранг, дару тиреза ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд, ки сатҳу сифати онҳо зери назорати доимии роҳбарияти Кумитаи  меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи қарори Иттиҳоди байналмилалии меъморон аз соли 1985 инҷониб ҳар сол  душанбеи аввали моҳи октябр дар саросари олам ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ ҷашн гирифта мешавад. Санаи имсола ба 7 октябр рост омад. Вобаста ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА бо Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед АҲМАДЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Соҳаи сохтмону меъморӣ яке аз бахшҳои ҳаётан муҳим барои ҳар давлат маҳсуб меёбад. Мегуфтед, ки дар даврони Истиқлол ин соҳа то кадом андоза рушд кард ва меъморони тоҷик тайи ин солҳо ба кадом дастовардҳо ноил шуданд?

Ҷамшед Аҳмадзода: Меъморӣ шуғли мураккаб ва пурмасъулият аст. Аз эҷод ва нақши офаридаи меъмор, донишу малакаи ӯ, тахайюл ва ҷасорати ӯ зебоӣ, устуворӣ, сифат, пойдорӣ ва бароҳатии бино ва ё иншооти оянда вобастагӣ дорад. Танҳо доштани ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал ва замонавӣ, маҳорати кордониву ҳалли муаммоҳо, истеъдоди бузурги нақшакашӣ ва амсоли инҳо метавонанд меъморро ба офаридани тарҳҳои мондагор ҳидоят  намоянд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳмати созандаву фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат — Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба дастовардҳои арзанда расидааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ буда, дар ин радиф иншооти меъмории боҳашамату нотакрор, ба монанди Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, Нишону Парчами давлатӣ қомат афрохтаанд, ки иншооти мазкур барои мардуми мамлакат дар пешравӣ, ташаккул ва худшиносии миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, ҳамзамон барои сайёҳон ҷойҳои тамошобоб ба ҳисоб мераванд.

Дастовардҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шуда, дар муддати начандон тӯлонӣ намуди пойтахтамон дигаргун, зебо ва дилписанд гардидаааст.  Услуби якҷояи Аврупо ва Шарқ ва меъмории миллӣ, ки дар сохтмони иншоот ва биноҳо истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал мегардонад ва ин маҳсули кори меъморони тоҷик мебошад.

Меъморон масъулияти касбии худро нисбат ба пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк менамоянд ва ҳамарӯза барои амалӣ гардонидани вазифаи дар наздашон истода кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Қобили зикр аст, ки меъморони ҷумҳурӣ дар корҳои лоиҳакашии сохтмони бинову иншоот ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, барои боз ҳам зебою обод гардонидани Ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.

Меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналхалқии меъморӣ (конгрессҳои умумиxалқии меъморон, симпозиумҳо, озмунҳои меъморӣ) фаъолона иштирок намуда, санъати меъмории миллии Тоҷикистонро шарафмандона муаррифӣ менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз Тоҷикистон ба майдони сохтмон табдил ёфтааст. Шурӯъ аз пойтахт, дар тамоми гӯшаю канори мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ дар авҷанд. Ба андешаи Шумо меъморон дар ин ҷабҳа то чӣ андоза нақш доранд?

Ҷамшед Аҳмадзода: Соли 2021 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни давлатӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, аз ҷумла деҳаҳои дурдаст ба роҳ монда шудаанд, ки амалӣ гаштани ин мақсад ифодагари сиёсати шаҳрсозӣ ва рушди соҳаи меъморӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини онҳо бо иншооти маишиву хизматрасонӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ  замина мегузорад.

АМИТ «Ховар»: Чун таҷриба, бунёду ободсозии шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи  нақшаҳои генералӣ сурат мегирад. Мехостем донем, ки саҳм, дониш ва малакаи мутахассисони ватанӣ дар таҳияи ин нақшаҳо то кадом андоза ҷавобгӯ мебошад? Оё дар робита ба ин ҷалби меъморон аз хориҷи мамлакат сурат мегирад?

Ҷамшед Аҳмадзода: Мутобиқ ба нақшаҳои қабулшудаи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба бунёду созандагӣ дар соли 2021 зиёда аз 20 ҳазор иншоот ва биноҳои гуногун ба истифода дода мешаванд, ки беҳтарин дастоварди меъморон ва сохтмончиён ба ҳисоб меравад.

Ба анҷом расонидани корҳои нақшавӣ боз як таконест дар рушду нумӯи на танҳо санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони мамлакат, балки тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳамчунин фарҳангию маърифатии он.

Бояд зикр намуд, ки таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мазкур фаъолияти шаҳрсозӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳоло аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 60 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдор тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Лоиҳаи 5 нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои боқимонда низ мавриди таҳия, мувофиқасозӣ ва тасдиқ қарор доранд.

Кумита дар самти баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кории мутахассисони  соҳа  дар назди худ вазифаҳои зеринро гузоштааст:

-ба охир расонидани таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру маркази ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сатҳу сифати баланд;

-дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшуда таҳия намудани нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо;

-ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва ҳамкорӣ дар ин самт бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

-баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам, технологияи инноватсионӣ бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир;

-ба инобат гирифтани сохтмони иншоот бо дарназардошти технологияҳои каммасрафи барқӣ, пайвастшавӣ ба хатҳои мутамаркази гармитаъминкунӣ ва обу корез;

-андешидани тадбирҳо оид ба риояи талаботи меъёрҳои қонунгузории соҳаи сохтмон ва мукаммал намудани онҳо;

-густариши ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо барои барпо намудани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон,  гузаронидани конфренсияҳо дар ин самт.

АМИТ «Ховар»: Таърих, тамаддун ва фарҳангу ҳунармандии ҳар миллатро метавон аз тарзи меъмории биноҳои он баҳо дод, зеро ҳар меъмор дар ҳар давру замон  мувофиқ ба талаботи вақт, завқу диди мардум  ва такя ба гузаштаи таърихии миллати худ лоиҳа кашида, бино месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки зимни сохтмони биноҳо маҳз талаботи мазкур ба инобат гирифта шавад. Имрӯз меъморони тоҷик дар лоиҳаҳои пешниҳодии хеш то чӣ андоза санъату ҳунари ниёгонро истифода мебаранд?

Ҷамшед Аҳмадзода: Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъморон, сохтмончиён ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозии мо рӯҳу илҳоми нав бахшида, онҳоро вазифадор менамояд, ки барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити беҳтари кору зиндагии мардум бо эҷоду пешбурди корҳои созандагӣ бо дили гарму бозуи қавӣ содиқона меҳнат намуда, дар ин радиф истеъдоду ҳунари худро сайқал диҳанд.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки қобилият, дониш, имконияти маънавӣ ва касбии  меъморону  сохтмончиён пурра барои беҳбудии зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона  шудааст.

Яке аз нишонаҳои пешравии давлат -ин ободу зебо гаштани шаҳрҳо ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иншооти нав ба истифода дода шудаанд, ки дар ҳаёти ҳар шаҳрванди диёри азизамон хотираҳои хуш ва ғурури миллиро бедор мекунанд.

Албатта, муаррифии санъати меъморӣ бе инобати беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърих, тамаддун ва фарҳангу ҳунармандӣ  имконнопазир аст. Агар истифода бурдани анъанаҳои миллӣ эҳтиёткорона ва илман асоснокшуда бошад, эҷоди асар мукаммал ва дилписанд хоҳад гашт.

Тавре ки маълум аст, санъати меъмории ҳар халқ зери таъсири як қатор хусусиятҳо (талаботи иҷтимоӣ, анъанаҳои маҳаллӣ, идеология, фарҳанг ва дигарҳо), рушд мекунад, ки дар байни онҳо, пеш аз ҳама, шароити иқлими маҳал нақши ҳалкунанда мебозад.

Олимони соҳаи меъмории ҷаҳон назари проблемавиро дар соҳаи меъмории миллӣ ба ду қисм, яке таърихӣ ва дигаре замонавии ҳамқадами рушд ҷудо намудаанд. Зарур аст ҷустуҷӯро дар ин робита бо роҳи ҳадафҳои илман қавӣ, озмоишӣ ва таҷрибавӣ ба роҳ монд. Чунки бо ин роҳ ба бештари саволҳо вобаста ба шароити ҷой, вақт ва имкониятҳои техникию молии соҳаи меъмории навин ҷавоб ёфт.

Ҳамзамон Кумита ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои  дар бинову иншооти сохташаванда истифода бурдани санъати меъмории миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Раванди корҳо дар ин самт зери назорати доимӣ қарор дорад.

АМИТ «Ховар»: Таҳти роҳнамоии Сарвари давлат имрӯзҳо соҳаи саноат ба маротиб рушд карда, аксари маҳсулоти сохтмониро  корхонаҳои ватанӣ истеҳсол карда истодаанд. Дар ин замина, мехостем назари Шуморо дар бораи сифати маҳсулоти тавлидшаванда, махсусан  семент, арматура, ранг ва ғайра, ки дар саросари мамлакат истифода мешаванд, донем. Ин маҳсулот    то чӣ андоза ба талаботи  сохтмони биноҳои баландошёна  ҷавобгӯ мебошанд?

Ҷамшед Аҳмадзода: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамарӯза таъкид ба он менамоянд, ки барои амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ лоиҳаҳо дар сатҳу сифати нав мутобиқ ба талаботи имрӯза  таҳия шуда, дар сохтмонҳо масолеҳи босифат, ки тавонанд муҳлатҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат намоянд, истифода бурда шаванд.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз таҳти роҳнамоии Сарвари давлат соҳаи саноат ба маротиб рушд карда, дар сохтмонҳо аксаран маҳсулоти сохтмонии корхонаҳои ватанӣ истифода мешаванд.

Кумита доир ба сифати корҳои сохтмонӣ, таъмини  масолеҳи баландсифат ва ба стандарҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ   тадбирҳои зарурӣ меандешад. Роҳбарони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, корхона ва ташкилотҳои зертобеи Кумита вазифадор шудаанд, ки назорати сатҳу сифати корҳои сохтмониро дар лоиҳаи бинову иншоот бо истифодаи масолеҳи баландсифати воридотивазкунанда ба роҳ монанд ва дар мавриди аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаи бинову иншоот, ба инобат гирифтани масолеҳи баландсифат ва ба стандарҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани онҳоро таъмин намоянд.

Октябрь 7, 2019 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит