Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2019 11:19

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 октябри соли 2019 №515
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Шерализода Ш.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шерализода Шараф Аҳмадҷон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 октябри соли 2019 №516
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои
ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона
ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави
давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
озод намудани Мирализода Р.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирализода Рустам Азиз бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 октябри соли 2019 №517
ш. Душанбе

Дар бораи намояндаи ваколатдор дар Бюрои
ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона
ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави
давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
таъин намудани Фаттозода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 октябри соли 2019 №518
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Корхонаи
воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск»»
озод намудани Азиззода Б.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бо сабаби азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск», Азиззода Бобишо Абдуқаюм аз вазифаи директори корхонаи мазкур озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Октябрь 17, 2019 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд