Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон шуъбаҳои нави ҷарроҳӣ ба истифода дода шуданд

Октябрь 9, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 09.10.2019./АМИТ «Ховар»/.  9 октябр Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Ёвонро ифтитоҳ намуданд. Дар беморхона шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва утоқи  ҷарроҳӣ ба истифода дода шуд.

Тавре Раиси вилояти Хатлон дар мулоқот бо табибон иброз намуд, «кормандони соҳаи тиб бояд ҳамеша ба савганди худ содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд».

«Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад. Итминон дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар хоҳанд кард»,- зикр намуд Қурбон Ҳакимзода.

Барои таъмиру тармими беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ин ҳисоб бо харҷи 10,2 миллион сомонӣ шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва утоқи ҷарроҳӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Маблағи сохтмон 9,4 миллион сомонӣ ва таҷҳизот 805 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаҳои мазкур зиёда аз 50 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷра барои шахсони имтиёздор ва 65 кат ҷойгир шудаанд.

Ҳамчунин се синфхонаи барои таҷрибаомӯзон пешбинӣ гардида бо тахтаҳои электронӣ ва дигар ашёи таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Шуъбаҳо бо низоми марказонидашудаи гармидиҳӣ, системаи ҳушдордиҳанда аз сӯхтор ва камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳамчунин бинои нав дорои маҷлисгоҳест, ки барои 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ то соли 2021 якҷо бо соҳибкорон бунёд ва таъмиру  навсозии муассисаҳои тиббӣ вусъат дода мешавад.

Октябрь 9, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд