Дар Душанбе доир ба танзими анъана ва ҷашну маросим конференсияи илмӣ-амалӣ доир мегардад

Октябрь 3, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 03.10.2019./АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар пойтахт  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони  «Аҳамияти  танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 октябри соли 2019 ба имзо расид.

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ»Ховар» хабар доданд,  Раиси шаҳр дар қарори мазкур масъулини соҳаро  барои дар сатҳи баланд доир  намудани  конференсияи мазкур  вазифадор намудааст.

Мақсад аз баргузории  ин конференсия татбиқи босамари  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пойтахти мамлакат буда, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои дахлдор, олимону адибон ва коршиносон иштирок ва маърӯза мекунанд.

Октябрь 3, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд