Дар Душанбе Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мешавад

Октябрь 23, 2019 10:03

ДУШАНБЕ, 23.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.

Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар фестивал аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат навъҳои гуногуни биринҷ ба намоиш- фурӯш  гузошта мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар фестивал-намоиши  мазкур намояндагони  Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон, кишоварзон, меҳмонону сокинони пойтахт иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ деҳқононе, ки ба тухмипарварӣ машғул буда, хоҷагиҳои кишоварзии мамлакатро бо навъҳои гуногуни ғалладонагӣ таъмин мекунанд, маҳсулоти худро ба намоиш-фурӯш мегузоранд.

Ҳамчунин дар фестивал таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.  Дар намоишгоҳ гӯшаи тавсияҳо фаъол гардонида мешавад. Дар он олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ  ба харидорон доир ба навъҳои биринҷ ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ оид ба парвариши биринҷ тавсияҳо медиҳанд.

Дар Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ аз рӯйи чор номинатсия озмун гузаронида шуда, ба иштирокчиён ифтихорнома ва туҳфаҳои Вазорати кишоварзӣ тақдим мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки биринҷ растании зироатӣ буда, дар заминҳои обдор кишт карда  мешавад. Он аксаран дар даруни об рӯида, дар об месабзаду мерасад.

Биринҷ  маҳсулотест, ки дорои витаминҳои зиёд буда, организми инсонро як хел нигоҳ медорад. Он аз ҷумлаи донагиҳои хеле фоидаовар буда, ба гурӯҳи маҳсулоти табобатӣ дохил мешавад.

Истифодаи мунтазами маҳсулоти биринҷӣ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратони рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад. Витаминҳои гурӯҳи Б асабро ором намуда, ба пӯст беҳбудӣ бахшида, нохун ва мӯйи сарро  нигоҳ медоранд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли зиёди биринҷ ранги рӯйро пок менамояд, умрро дароз карда, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад.

Октябрь 23, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид