Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Дидор» оғоз мегардад

Октябрь 16, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 10:00, дар толори  бузурги Хонаи кино (кинотеатри «Зебунисо») маросими кушодашавии Фестивали байналмилалии «Дидор» оғоз мегардад.

Ба иттилои директори Фестивали байналмилалии «Дидор» Сафар Ҳақдод, фестивал то 20 октябр идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ дар намоиш гузошта мешаванд.

Дар фестивал филмҳои мустанади киноофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон Озарбойҷон, Россия, Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Ҳолландия, Эрон, Исроил, ИМА, Фаронса, Чехия ва ғайра иштирок менамоянд.

Дар барномаи он инчунин баргузории суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Масоили синамои мустанади муосир дар кишвари ҷудогона» ва берун аз он баррасии масъалаҳои доғи филмҳои мустанади тоҷикӣ дар назар аст.

Доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос (Қазоқистон) Г. Абикеева, мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия (Эрон) Алиризо Шоҳрухӣ, наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад (Тоҷикистон) Г. Дзалаев ҳакамони фестивал  интихоб гардидаанд.

Фестивал ба поси хотири филмҳои мустанадсози маъруф Мамадқул Арабов бахшида мешавад.

Октябрь 16, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад