Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ байни наврасон баргузор мегардад

Октябрь 25, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 25.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 октябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ  байни наврасони солҳои таваллудашон ‎2004 -2005, 2006 – 2007 оғоз мегардад. Дар ин  бора  котиби матбуоти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, чемпионати мазкур муддати ду рӯз-26-27 октябр  идома ёфта, беҳтарин чеҳраҳои варзишии мамлакатро  муайян менамояд. Чемпионати мазкурро Шин Виолетта  сардоварӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали чемпионат дар мамлакат 22 сентябр  доир гардид. Дар даври дуюми он 13 октябр   беҳтаринҳо дар сатҳи минтақа ва вилоят барои роҳхат ба даври ниҳоии чемпионат қуваозмоӣ намуданд.

Дар даври ниҳоӣ варзишгарон аз дастаҳои Хатлон 1, Хатлон 2, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд.

Октябрь 25, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад