Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ байни наврасон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 октябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2004 -2005, 2006 – 2007 оғоз мегардад. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, чемпионати мазкур муддати ду рӯз-26-27 октябр идома ёфта, беҳтарин чеҳраҳои варзишии мамлакатро муайян менамояд. Чемпионати мазкурро Шин Виолетта сардоварӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали чемпионат дар мамлакат 22 сентябр доир гардид. Дар даври дуюми он 13 октябр беҳтаринҳо дар сатҳи минтақа ва вилоят барои роҳхат ба даври ниҳоии чемпионат қуваозмоӣ намуданд.
Дар даври ниҳоӣ варзишгарон аз дастаҳои Хатлон 1, Хатлон 2, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






