ДАР ФУТБОЛИ ТОҶИК ДАРВОЗАБОНИ САТҲИ ҶАҲОНӢ ТАРБИЯ МЕЁБАД! Футболбози дастаи «Парвоз» аз ҷониби рӯзномаи британии «The Guardian» ба шастгонаи бозингарони боистеъдоди 17-сола дохил карда шуд

Октябрь 14, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи британии «The Guardian» феҳристи шастгонаи футболбозони боистеъдоди ҷаҳонро, ки соли 2002 таваллуд шудаанд, таҳия намуд. Бори аввал дар таърихи футболи тоҷик ба ин рейтинги бонуфуз дарвозабони дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов (ДАР АКС) дохил карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «The Guardian»  хабар медиҳад.

«The Guardian», аз ҷумла  менависад: «Дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов барои ба финали Чемпионати Осиё-2018 миёни 16-солаҳо баромадани дастаи Тоҷикистон ситора гардид. Муҳриддин Ҳасанов дар баргардонидани ҷаримаҳои 11-метра (пеналтӣ) дар бозиҳо бар муқобили дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ маҳорат нишон дод. Ӯ мақсади ба Аврупо рафтан дорад ва дастаҳои Россия аллакай ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд».

Ба ин рӯйхат инчунин бозингарони дастаҳои футболи «Барселона»-и Испания Ансу Фати, «Интер»-и Италия Люсиен Агум, «ПСЖ»-и Франсия Адил Аушиш ва Нянзу Куасси, «Бавария»-и Германия Малик Тиллман, «Реал Мадрид»-и Испания Андри Лукас Гудёонсен, «Ювентус»-и Италия Пабло Морено ва «Ренн»-и Франсия Эдуардо Камавинга шомиланд.

Ҳамчунин бозингари дастаи «Бунёдкор»-и Тошканди Ӯзбекистон Ҷасур Ҷалолиддинов ба ин феҳрист шомил мебошад. «Ӯ ниммуҳофизатгар буда, дар ин фасл дар 19 бозӣ иштирок кардааст ва 9 гол задаст. Ҷалолиддинов дорои зарбаи дур ва маҳорати хуби тактикӣ мебошад», — менависад рӯзномаи британӣ.

Дастаи футболи «Парвоз» қаблан ҳамчун «Авиатор» маъруф буд. Ин даста номи имрӯзаи худро соли 2005 гирифт. Рангҳои анъанавии гурӯҳ зард мебошанд.

«Парвоз» барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои нуқраву биринҷии Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Муҳриддин Ҳасанов ва Ҷасур Ҷалолиддинов ягона бозингарон аз ИДМ мебошанд, ки ба ин раддабандӣ шомиланд.

Ёдовар мешавем, ки 17 октябр дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки Муҳриддин Ҳасанов низ ба ҳайати он шомил аст, аз Душанбе ба Истанбул ва аз он ҷо ба Бразилия меравад. Дар марҳилаи ниҳоии омодагии дастаи мо пеш аз Чемпионати ҷаҳон-2019, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Сан-Паулу баргузор мешавад, бозигарони мо як ҳафта тамрин мекунанд.

Дар Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «E» якҷо бо дастаҳои мунтахаби Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ хоҳад кард.

Дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон-2019 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 28 октябр бо дастаи мунтахаби Камерун вомехӯрад. Дар даври дуюм, 31 октябр ҷавонони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Испания бозӣ хоҳанд кард. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ, 3 ноябр дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба муқобили дастаи мунтахаби Аргентина вориди майдон мешаванд.

Ҳамаи бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Эстадио Клебер Андраде»-и («Estаdio Klеber Andrade») шаҳри Кариасикаи Бразилия баргузор мешаванд.

Пас аз қуръакашии Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) 24 даста ба 6 гурӯҳ- ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим карда шуданд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин 4 дастаи дигар бо натиҷаҳои назаррас, ки ҷойҳои севвумро гирифтаанд, ба даври навбатии Чемпионати ҷаҳон-2019 мебароянд.

 

Октябрь 14, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт