Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид

Октябрь 14, 2026 14:45

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд соли дуюм аст, ки пайиҳам Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро ба даст меорад. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри   Душанбе  бо  ҳисоби  3:2  пирӯз гардид.

Вохӯрии ҳалкунандаи ин дастаҳо дар Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар ҷараёни бозӣ дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ду маротиба аз ҳариф қафо монд (0:1 ва 1:2), аммо тавонист ҷараёни рақобатро ба нафъи худ тағйир дода, ғалаба ба даст орад. Аз ҳайати ғолибон легионери бразилӣ Фелипе Виейра ду гол ба нишон расонид. Голи дигари дастаи «Сипар»-ро Юри Ферейра зад. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол» Дилшод Саломов ва Хосе Пахаро гол заданд.

Легионери бразилии дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд Фелипе Виейра беҳтарин бозингари вохӯрии ниҳоӣ эътироф гардид.

Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷоми фахрӣ ва 100 ҳазор сомонӣ мукофот гардид. Дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф шуд, бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Аз рӯйи натиҷаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал беҳтаринҳо дар номинатсияҳои инфиродӣ чунин муайян шуданд:

Беҳтарин бозингари мусобиқа – Иқбол Воситзода («Сипар») – 4000 сомонӣ;

Беҳтарин мураббӣ – Дониёр Абдираимов («Сипар») – 4000 сомонӣ;

Беҳтарин дарвозабон – Фирӯз Бекмуродов («Сипар») – 3500 сомонӣ;

Беҳтарин нишонзан – Юри Ферейра («Сипар») – 3500 сомонӣ;

Беҳтарин легионер – Тиаго Игор («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;

Беҳтарин бозигари ҷавон – Муҳаммад Авғонов («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;

Беҳтарин дастаи расонаӣ – «Соро  компания»-и шаҳри Душанбе-  3000 сомонӣ.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Октябрь 14, 2026 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод