Филмҳои мустанади Фестивали байналмилалии «Дидор» — муаррифи ҳаёти воқеӣ

Октябрь 19, 2019 12:34

ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 октябр, дар  Фестивали байналмилалии «Дидор» филми муаллиф ва коргардон Ирина Савон  бо номи  «Мусаввараҳои минётурии Ӯзбекистон», филми  коргардон ва  наворбардор Иван Харитонов бо номи «Суфакат», филми «Метрои Тошканд»-и муаллиф Шаҳло Раҳимова ва «Филми кӯтоҳ дар бораи кино» бо коргардонӣ ва тадвини Ирина Савон, Иван Харитонов ва Амир Баташев, «Орфейҳои шохдор»-и коргардон ва наворбардор Амир Баташев аз Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд.

Дар фестивали мазкур ҳамзамон филми озмунии муаллиф ва коргардон Дмитрий Степанов бо номи «Охири замин», филми коргардон, филмноманавис ва наворбардор Денис Шабаев бо номи «Кори каси дигар» аз Россия, филми мустанади муаллифии  «Парвона»-и муаллиф ва коргардони эронӣ Маҳдӣ Замонпур Киёсарӣ ва «Мероси ниёгон»-и коргардонҳо Берик Ҷаҳонов ва Фирӯза Ҷаҳонова аз Қазоқистон ба маъраз гузошта мешаванд.

Тавре муаллиф ва коргардони филми «Мусаввараҳои минётурии Ӯзбекистон» Ирина Савон иброз дошт, филми таҳиянамудаи ӯ кӯтоҳи мустанади пажӯҳишӣ буда, доир ба  таърихи инкишофи минётура дар Ӯзбекистон маълумот медиҳад.

Инчунин филми ба намоишгузоштаи коргардон ва  наворбардор Иван Харитонов бо номи «Суфакат» филми мустанад буда, дар бораи сохтани суфакат –ҷиҳози миллии ӯзбекӣ, ки барои ҳар як зодаи Ӯзбекистон арзишманд аст, наворбардорӣ шудааст.

Хотирнишон мекунем, ки Фестивали байналмилалии «Дидор» 16 октябр дар Хонаи кино-кинотеатри «Зебунисо»-и шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуда, 20 октябр ҷамъбаст мегардад.

Октябрь 19, 2019 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид