ФУТБОЛ: имрӯз байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 баргузор мешавад

Октябрь 15, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 октябр, соати 17:15 байни дастаҳои мунтахаби футболи  Тоҷикистон ва Япония    дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 баргузор мешавад. Ба ин муносибат 14 октябр   дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» нишасти хабарии пеш аз бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби футболи  Тоҷикистон ва Япония баргузор гардид. Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Бояд зикр кард, ки дар нишаст сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу ҳузур дошта, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд.

Нахустин шуда, сармураббии дастаи мунтахаби Япония Хадзимэ Мориясу ба толори нишасти хабарӣ ҳозир шуд. Ӯ ба мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон барои истиқболи самимияшон миннатдорӣ изҳор намуд. Баъдан  сармураббии дастаи мунтахаби  Япония Хадзимэ Мориясу ба саволҳои хабарнигон ҷавоб дода, аз ҷумла чунин гуфт:

«Ба ҳамагон маълум аст, ки дастаи  мунтахаби Тоҷикистон низ ба монанди мо дар гурӯҳи «Ғ» ду пирӯзӣ дорад, аз ин бармеояд, ки тоҷикон ба бозӣ бо мо хеле ҷиддӣ омода шудаанд. Мо баъд аз дидор бо дастаи мунтахаби Муғулистон дар ҳайатамон каме мушкилӣ дорем, ки он садди роҳи пирӯзии мо дар бозӣ бо Тоҷикистон нахоҳад шуд. Дар мавриди майдони сунъӣ гуфтанӣ ҳастам, ки ин таъсири худро ба бозии мо каме ҳам бошад, мерасонад. Бояд як нуктаи муҳимро зикр намоям, ки мо бо тамоми неруямон дар вохӯрӣ бар муқобили Тоҷикистон омода шудаем. Имрӯз дар ин бозӣ ба шогирдонам барору комёбиҳо таманно дорам».

Дар идомаи  нишасти хабарии сармураббии дастаи  мунтахаби футболи  Тоҷикистон Усмон Тошев иброз дошт, ки «ҳайати дастаи мунтахаби Японияро бори дигар ба Ватани офтобиамон хушомадед мегӯям. Дастаи мунтахаби Япония  яке аз дастаҳои пурқувват дар қораи Осиё аст. Мо чӣ неруву тавоне, ки дорем, имрӯз дар майдон нишон хоҳем дод. Мо аз дастаи рақиб ягон ҳарос надорем. Аз мухлисони тоҷик даъват ба амал меорем, ки  имрӯз ба Варзишгоҳи  марказии шаҳри Душанбе ташриф оварда, футболбозони шинохтаи тоҷикро дар ин бозӣ дастгирӣ намоянд».

Бояд хотирнишон кард, ки   дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии хонагии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2022, ки  имрӯз дар гурӯҳи «Ғ» байни дастаҳои мунтахаби   Тоҷикистон ва Япония  баргузор мешавад, бо пероҳани сурх ба майдон мебарояд.

Дастаи миллии Япония  бо либосҳои сафед вориди майдон мешавад.

Ҷоми ҷаҳон-2022

Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм

Гурӯҳи «F». Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:15

Тоҷикистон — Япония

Довари асосӣ: Муҳаммад Зайд Самир (Ироқ).

Ёварони довар: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду – Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чаримурат Қурбанов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (АМА).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Ёдовар мешавем, ки бозии гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби Муғулистон ва Тоҷикистон 10  сентябр  дар шаҳри Улан-Батор, дар Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон доир гардид. Голи ягонаро ҳимоятгар Давронҷон Эргашев дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф  расонид. Зимнан, ӯ беҳтарин бозингари ин дидор эълон шуд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро муқобили Муғулистон бо даҳ нафар анҷом дод. Дар дақиқаи 85-уми бозӣ ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, ки корти дуюми зард гирифт, аз майдон хориҷ шуд. Бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «F», ки   дар шаҳри Янгон доир гардид, дастаи мунтахаби Япония бар дастаи мизбон – Мянмар бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ин аввалин бозии япониҳо дар ин мусобиқот ба шумор меравад.

Дар бозии аввалини гурӯҳи «F»  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи мунтахаби Қирғизистон ва дастаи  мунтахаби Муғулистон  бар дастаи  мунтахаби Мянмар бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада буданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод буд. Футболбозони тоҷик дар даври чаҳорум- 15  октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо  дастаи  мунтахаби Япония рақобат мекунанд.

Чемпионати  ҷаҳон-2022

Мусобиқоти интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «F». Даври 2-юм

Муғулистон – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Давронҷон Эргашев, 81.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 53), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов (Манучеҳр Сафаров, 87).

Огоҳӣ гирифтанд: Наранболд, Ҳанкҳуаг, Тсенд-Аюш (Муғулистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Искандар Ҷалилов (Тоҷикистон), 85 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозингари дидор: Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҳанно Хаттоб (Сурия).

Нозири доварон: Муҳаммад Ҳамад Ал-Совайл (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Субраманиан Маникам (Малайзия).

10-уми сентябр. Улан-Батор. Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон. 3455 тамошогар.

Мянмар – Япония – 0:2   

Голҳо: Шоя Накаҷима, 16 (0:1). Такуми Минамино, 26 (0:2).

Огоҳӣ гирифтанд: Нанда Кяв, Зав Е Тун (Мянмар).

Сардовар: Аҳмад Яъқуб Иброҳим (Урдун).

Нозири доварон: Ҳусейн Аскари Милаҷердӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Патит Супҳафонг (Тайланд).

10 сентябр. Янгон. Варзишгоҳи «Тҳувунна». 25 500 тамошогар.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шудааст, шаш имтиёз дорад. Дастаи Япония низ шаш имтиёз гирифтааст. Дар ҷадвали гурӯҳи «F» бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Япония (8-0) дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон (2-0) дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чорумро касб намудаанд. Дастаи   мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардааст.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи «F»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Япония 2 2 0 0 8-0 6
2 Тоҷикистон 2 2 0 0 2-0 6
3 Қирғизистон 2 1 0 1 7-1 3
4 Муғулистон 3 1 0 2 1-7 3
5 Мянмар 3 0 0 3 0-10 0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Япония 6:0 Муғулистон

Қирғизистон 7:0  Мянмар

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Япония

Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Япония – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Япония – Қирғизистон

Октябрь 15, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд