Имрӯз аз таъсиси шабакаи «Овози тоҷик» — тарғибгари сулҳу дӯстӣ ва ҳамрайъии халқҳои ҷаҳон, 70 сол сипарӣ гардид

Октябрь 16, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз таъсиси шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон — «Овози тоҷик» 70 сол сипарӣ шуд.  16 октябри соли 1949 дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон бо ибтикор ва дастгирии академик Бобоҷон Ғафуров созмон дода шуд, ки аввалин сармуҳаррири ин шабака Вазири вақти  корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Мӯҳсин Нӯъмонов буд.

Ҳадаф аз таъсиси шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон тарғиби  сиёсати дохилӣ ва хориҷии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дастовардҳои ҷомеаи сотсиалистӣ буд. Он замон ҳаҷми барномаҳо аз ду соат иборат буда, асосан ба забонҳои форсӣ ва дарӣ шунавонида мешуданд. Баъди солҳои  60-уми асри гузашта ҳаҷми барномаҳо ба чор соат расонида шуд.

Дар солҳои аввали таъсиси идораи барномаҳои хориҷӣ, дар он адибону олимон ва рӯзноманигорони варзида, аз қабили  Шарифҷон Ҳусейзода, Адбуқодир Маниёзов, Файзулло Ансорӣ, Файз Урозов, Қодир Наимӣ, Қосим Дайнамӣ,   Маҳмуд Тӯробӣ,   Иброҳим Умарзода ва сипас Субҳон Раҳматов,   Бурҳон Раҳмонов,   Нусратшо Таваллоев,  Раҷабалӣ Қудратов, Мирзошо Ватаншоев ва бисёр дигарон адои вазифа намудаанд.

Дар он айём яке аз воситаҳои асосии муаррифии  Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Махсусан шавқу рағбати сомеъон аз Эрон ва Афғонистон ба шунидани барномаҳо хеле зиёд буд. Номаҳои сершуморе, ки аз шунавандагони ин кишварҳо меомаданд, гувоҳи онанд, ки онҳо ба ҳаёти мардуми тоҷик, хусусан ба забон, адабиёт, таърих, илму фарҳанг, табиат, сарватҳои табиӣ ва рӯзгори мо таваҷҷуҳи ниҳоят зиёде доранд. Аз ҳар мактуб муҳаббат ва ифтихор аз халқи тоҷик ва Тоҷикистон баланд садо медод.  Масалан, Шоҳмуҳаммади Иброҳимӣ аз шаҳри Хуррамободи Эрон навишта буд: «Мо ҳамаи барномаҳои радиои Тоҷикистонро бо як олам шавқу алоқамандии фаровон мешунавем. Аз роҳи дур ба халқи азизи тоҷик дуруд мефиристам, дуруде ба вусъати дарёчаи Хазар ва ба баландии ҷиболи Помир, ба бузургии қалби як инсон ва ба гармии хуршеди  тобноку моҳи чаҳордаҳ ва ба меҳру муҳаббати поки инсонҳо!».

Шунавандаи дигар аз Афғонистон бо номи Аминуддин чун рамзи эҳтиром ва садоқат ба мардуми тоҷик ин байтро навишта буд:

Номаам гар мебарӣ қосид, оёте бигӯ,

Покеташ оҳиста бикшо, дил дар он печидааст.

Номаҳои сершумор гувоҳи он буданд, ки садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон қалби садҳо шунавандагонро тасхир намуда, эҳсосоти онҳоро ба тоҷикону Тоҷикистон афзун намудааст.

Кормандони идора бо вуҷуди норасоиҳои техникӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоид мекӯшиданд, ки барномаҳои ҷолиб ва фарогири ҳаёти мамлакатро пешкаши шунавандагон гардонанд. Соли 1962 бо мақсади ошноии шунавандагон бо ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон барномаи солинавии «Адабиёт ва санъат» таъсис дода шуд, ки ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми ним соат шунавонида мешуд. Ин барнома сипас номи «Пайғом»-ро гирифт ва то соли 2012 ба забони дарӣ садо медод. Чунин барномаро, ки дар муддати 50 сол бидуни танаффус садо дода бошад, таърихи радио ёд надорад.

Шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ ва минтақа нақши бузурге дошт ва дорад. Нақши ин радио махсусан дар солҳои бесуботии ҷумҳурӣ дар роҳи оштии миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва ба ватан баргардонидани фирориён басо назаррас ва бузург аст. Радиои бурунмарзии Тоҷикистон дар муҳимтарин марҳилаҳои тақдирсози ҳаёти Афғонистон аз озодиву истиқлоли халқи он қотеъона ҷонибдорӣ кардааст. Дар ҳалли қазияи Афғонистон аз миёни фазои хомӯшиҳо ва бетарафиҳо дар арсаи байналмилалӣ танҳо ду садо баланд буд, ки аз озодиву истиқлол ва таъмини сулҳу оромӣ дар Афғонистон бо тамоми ҳастӣ ҷонибдорӣ мекард.

Ин садои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки  аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медод ва дигаре садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон буд, ки аз фаъолияти ҷабҳаи муқовимати Афғонистон таҳти роҳбарии марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд бо қатъият ҷонибдорӣ мекард. Ин ҳақиқатро шахсан Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд тасдиқ кардааст. Аҳмадшоҳи Масъуд  пас аз сафар ба Аврупо 10 апрели соли 2001 дар Душанбе бо рӯзноманигорон ва афғонҳои муқими пойтахт мулоқот намуд.   Зимни ин сафар Аҳмадшоҳ бо хабарнигори радиои Тоҷикистон мусоҳибаи муфассале анҷом дод. Хабарнигор аз Аҳмадшоҳи Масъуд пурсид, ки «оё дар шароити феълии Афғонистони ҷангзада радиои бурунмарзии Тоҷикистон дар кишвар нақше дорад ё на?».  Аҳмадшоҳ бо овардани мисолҳои мушаххас ба нақши радиои бурунмарзӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфта буд: «Радиои бурунмарзии Тоҷикистон воситае буд, ки умеди маро ба пирӯзӣ қавӣ кард. Садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон садои дили мардуми азияткашидаи  Афғонистон низ будааст. Агар барои пирӯзии мо се омил вуҷуд дошта бошад, як омилаш ҳамин радиост. Ва ҳатто агар ду омил ҳам мавҷуд бошад, якеаш маҳз ҳамин расона аст. Зеро он дили мардумро ба ҳаёт гарм кард, умеди озодиро дар замири муборизони ватан дар торикистони ҳукумати толибон фурӯзон намуд. Ман шахсан барномаҳоро гӯш мекардам ва маҳз ин расона маро ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар таҳияи нақшаи амалиёт роҳнамоӣ мекард».

Шабакаи  хориҷии радиои Тоҷикистон воқеан тарғибгари сулҳу дӯстӣ, бародарӣ, ҳамраъйии халқҳо, ҳамкории судманд ва оромию  осудагӣ мебошад.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши арабии радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» Тоҷиддини Ризвон гуфт: «Имрӯз дар радиои бурунмарзии Тоҷикистон- «Овози тоҷик» беш аз 40 нафар мутахассисони техникӣ ва рӯзноманигорону хабарнигорон, ки аксарияташон  дастпарварони бахши забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, бо 8 забон — тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ,  русӣ,  ӯзбекӣ,  ҳиндӣ,  арабӣ ва англисӣ  дар   ҳаҷми 24 соат барномаҳо  таҳия ва пахш менамоянд. Шабака бо технологияи  муосир таҷҳизонида шудааст. Нақши шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» дар муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ калон буда, мазмуну мӯҳтавои барномаҳои таҳиянамудаи муҳаррирони ин шабака инъикосгари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории мутақобилан судманди  Тоҷикистон  бо кишварҳои хориҷист. Инчунин муҳаррирони шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» вобаста ба масоили марбут ба ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, бахшҳои иқтисод, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтору барномаҳо таҳия ва омода намуда,  пешкаши сомеони худ мегардонанд».

Бояд гуфт, ки имрӯз даҳҳо кишварҳои Ғарб ва Амрико теъдоди барномаҳои худро ҳамасола барои кишварҳои Эрон ва Афғонистон зиёд намуда, мехоҳанд сиёсати худро бар сари ин кишварҳо таҳмил намоянд. Дар чунин шароити шадиди таблиғотӣ радиои бурунмарзии Тоҷикистон — «Овози тоҷик» дар фазои иттилоотии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдор аст. Робитаи шабакаи мазкур бо кишварҳое, ки барояшон барнома таҳия ва пахш мешаванд, махсусан Эрон ва Афғонистон ҳамеша барқарор ва дар ҳоли рушд мебошад.

Шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ бояд ба таври воқеӣ ба садои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли тоҷикони ҷаҳон табдил гардад.

                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Роҳбарият ва ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» аҳли қалами шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон- «Овози тоҷик»-ро бо 70-умин солгарди таъсиси шабакаи бурунмарзӣ табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар муаррифию тарғиби  ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ саломатӣ ва қаламу садои бурро таманно менамоянд.      

Октябрь 16, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Скрипканавози турк Ҷиҳат Ашкин дар Тоҷикистон барномаи ҳунарӣ баргузор мекунад
Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Туркия ва Покистон сафар намуданд
Дар вилояти Хатлон мониторинги барномаҳои соҳавӣ гузаронида шуд
Дар Коллеҷи тиббии Ваҳдат даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад
Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» барои иштирок дар Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» ба Тошканд сафар намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба 30-солагии таъсиси он озмун оғоз гардид
«Душанбе. Шаҳре, ки шукӯҳи давлат ва симои миллатро таҷассум мекунад», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
Филми кӯтоҳи «Этюд» дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони Олмон иштирок мекунад
«БАҲОРИ ТОШКАНД». Фестивали VI байналмилалии опера ва балет чунин унвон гирифтааст
Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷараён дорад
Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид
ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и АМИТ «Ховар» нуктаҳои ин ҳуҷҷати стратегӣ шарҳ дода шуданд