Имрӯз дар Душанбе муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт

Октябрь 31, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муҳокимаи парлумонӣ оид ба татбиқи Созишномаи маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд доир шуда, дар он вакилони мардумӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки масоҳати заминҳои обии Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 254 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.  Дарозии умумии иншооти обёрӣ ба 37 ҳазору 600 километр ва шумораи иншооти гидротехникӣ ба беш аз 7 ҳазору 100 адад баробар аст. Ҳолати зиёда аз 60% иншоот таъмирталаб ва барои нигоҳдории соҳа дар сатҳи муносиб то соли 2030 зиёда аз 1,3 млрд доллари америкоӣ зарур мебошад.

«Новобаста аз шароити иқтисодӣ ва буҳрони молиявӣ, ки аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ба мамлакати мо низ таъсири ногувор гузоштааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд», — гуфт Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода.

Бо ёдоварӣ аз пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон иброз доштанд, ки имрўз дар бахши оби ҷумҳурӣ 32 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 380 млн сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди инфрасохтори соҳа ба баланд бардоштани имкониятҳои истифодаи захираҳои оби мамлакат мусоидат намуда, барои истеҳсоли неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза заминаи устувор мегузорад.

«Иштирокдорони муҳокимаи парлумонӣ оид ба сиёсати соҳавии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд», — афзуд манбаъ.

Октябрь 31, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд