Имрӯз дар Душанбе муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муҳокимаи парлумонӣ оид ба татбиқи Созишномаи маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд доир шуда, дар он вакилони мардумӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки масоҳати заминҳои обии Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 254 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дарозии умумии иншооти обёрӣ ба 37 ҳазору 600 километр ва шумораи иншооти гидротехникӣ ба беш аз 7 ҳазору 100 адад баробар аст. Ҳолати зиёда аз 60% иншоот таъмирталаб ва барои нигоҳдории соҳа дар сатҳи муносиб то соли 2030 зиёда аз 1,3 млрд доллари америкоӣ зарур мебошад.
«Новобаста аз шароити иқтисодӣ ва буҳрони молиявӣ, ки аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ба мамлакати мо низ таъсири ногувор гузоштааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд», — гуфт Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода.
Бо ёдоварӣ аз пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон иброз доштанд, ки имрўз дар бахши оби ҷумҳурӣ 32 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 380 млн сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди инфрасохтори соҳа ба баланд бардоштани имкониятҳои истифодаи захираҳои оби мамлакат мусоидат намуда, барои истеҳсоли неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза заминаи устувор мегузорад.
«Иштирокдорони муҳокимаи парлумонӣ оид ба сиёсати соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд», — афзуд манбаъ.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






