Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Ливан бо ҳам бозӣ мекунанд

Октябрь 4, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр, соати 19:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «С» байни  дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19- солаи Тоҷикистон ва Ливан баргузор мегардад.  Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Бояд гуфт, ки  дастаи  мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон бозии нахустини хешро  дар гурӯҳи «С» 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи мунтахаби ҷавонони  Малдив баргузор намуда, ба дарвозаи ҳарифи хеш 9 голи беҷавоб зад.

Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 маротиба тӯбро вориди дарвозаи рақиби хеш  намуданд. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби  ҷавонони яккачини то 19-солаи Тоҷикистон  бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19- соларо бо ҳисоби калон оғоз намуд.

Футболбозони ҷавонони  тоҷик  бозии дуюми худро    ба муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони  Лубнон доир мекунанд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19-сола

Гурӯҳи «С». Бозии даври  1-ум

Тоҷикистон– Малдив – 9:0

 Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Ибраҳим Дхаисам, 76 – (худгол) (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).

Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Гурӯҳи «С»

Бозиҳои даври 1-ум
2 октябр (чоршанбе)

16:00. Сурия 1:1 Лубнон
19:00. Тоҷикистон 9:0 Малдив

Бозиҳои даври  2-юм
4 октябр (ҷумъа)

16:00. Малдив – Сурия
19:00. Лубнон – Тоҷикистон

Бозиҳои  даври  3-ум
6 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Малдив
19:00. Тоҷикистон – Сурия

Ёдовар  мешавем, ки макони баргузории марҳилаи ниҳоии Чемпионати  Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, он гоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.

Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то  19-сола:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фаластин, Кувайт, Покистон.

Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.

Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.

Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.

Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.

Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.

Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Октябрь 4, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад