КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 12 ноябр Конференсияи XVIII ҳисоботӣ — интихоботӣ баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Конференсияи XVIII ҳисоботӣ — интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе 12 ноябри соли 2019 даъват карда мешавад. Ин нукта дирӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» зимни маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баён гардид.
Дар маҷлис муовини Раиси ҲХДТ Рано Бобоҷониён, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Зоир Раҳмонзода, аъзои Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раисон ва мудирону кормандони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Мутобиқи рӯзномаи маҷлис гузориши Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе З. Раҳмонзода «оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нуҳ моҳи соли 2019, корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», даъвати Конференсияи XVIII ҳисоботӣ — интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва масъалаҳои ҷорӣ оид ба қадрдонӣ намудани ғолибони озмуни «Ташкилоти ҳизбии маҳаллаи беҳтарин» ва «Иншои беҳтарин» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис З. Раҳмонзода гузориш дода, зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади тақвияти мактаби сиёсии Пешвои миллат ва омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода бори дуюм аст, ки семинару курсҳои омӯзиширо барои кормандони масъули ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт бо иштироки олимону коршиносон баргузор менамояд.
«Дар ин муддат сохторҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 2444 мулоқоту вохӯриро оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва одоби шаҳрнишинӣ баргузор намуданд. Инчунин сохторҳои ҳизбӣ 123 ҳашари дастаҷамъӣ доир намуда, дар доираи онҳо зиёда аз 3500 бех ниҳоли сояафканро шинониданд. Дар ин асно беш аз 1274 чорабинии гуногуни фарҳангию варзишӣ, аксияҳо, фестивалҳо, озмуну семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ – амалӣ дар самти кор бо ҷавонону занон роҳандозӣ карда шуд», — гуфт Раҳмонзода.
Дар идома Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тазаккур дод, ки ҳамзамон бо мақсади дастгирӣ ва амалӣ намудани ташаббуси навбатии Раиси шаҳри Душанбе оид ба низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба 110 нафар ғолибону иштирокчиёни озмуну маҳфилҳо, аз қабили донандаи беҳтарин забонҳои хориҷӣ, хонандагону донишҷӯён ва фаъолҷавонони ҳизбии шаҳри Душанбе бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд.
Бино ба гузориши З. Раҳмонзода, соли дуюм аст, ки дар арафаи соли нави хониш, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо бо ҷалби шахсони эҳсонкору саховатпеша аксияи хайриявии «Роҳ ба сӯйи мактаб»-ро бо тақдими сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш, барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ бо фарогирии беш аз 100 нафар кӯдакони ятиму бепарастор доир менамояд.
«Инчунин кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ бо ҷалби шахсони эҳсонкору саховатманд ба 2011 оилаи ниёзманду бепарастор, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ятимону барҷомондагон кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд», — ёдовар шуд Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе.
Илова бар ин, ӯ иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 483 нафар шаҳрвандон ба кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ муроҷиат карданд, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии дархости онҳо аз ҷониби масъулин чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Ҳамзамон мавсуф оид ба рафти омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода таъкид дошт, ки мо бояд дар интихобу пешбарии номзадҳо диққати ҷиддӣ диҳем ва номзадҳо бояд аз ҳисоби фаъолону масъулиятшиносон ва ҷавонону занон пешбарӣ карда шаванд, то барои баргузор шудани интихоботи озоду шаффоф мусоидат намоянд.
Дар музокира Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхӯҷа Азизов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб дар нуҳ моҳи соли 2019, корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баромад намуданд.
Дар ин миён мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов сухан карда, оид ба вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, ҷоннок намудани корҳои ташкилӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ибрози андеша намуд.
Дар рафти маҷлис ғолибони озмунҳои «Ташкилоти ҳизбии маҳаллаи беҳтарин», «Иншои беҳтарин» ва фаъолони ҳизб, ки дар пешбурд ва амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ нақши намоён доранд, бо ифтихорномаву сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»













«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






