КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 12 ноябр Конференсияи XVIII ҳисоботӣ — интихоботӣ баргузор менамояд

Октябрь 16, 2019 10:13

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Конференсияи XVIII ҳисоботӣ — интихоботии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе 12 ноябри соли 2019 даъват карда мешавад. Ин нукта дирӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» зимни маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баён гардид.

Дар маҷлис муовини Раиси ҲХДТ Рано Бобоҷониён, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов,  Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Зоир Раҳмонзода, аъзои Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раисон ва мудирону кормандони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Мутобиқи рӯзномаи маҷлис гузориши Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе З. Раҳмонзода «оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар  нуҳ моҳи соли 2019, корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»,  даъвати Конференсияи XVIII ҳисоботӣ — интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва масъалаҳои ҷорӣ оид ба қадрдонӣ намудани ғолибони озмуни «Ташкилоти ҳизбии маҳаллаи беҳтарин» ва «Иншои беҳтарин»  мавриди  баррасӣ  қарор  дода  шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис З. Раҳмонзода  гузориш дода, зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади тақвияти мактаби сиёсии Пешвои миллат ва омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода бори дуюм аст, ки семинару курсҳои омӯзиширо барои кормандони масъули ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт бо иштироки олимону коршиносон баргузор  менамояд.

«Дар ин муддат сохторҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 2444 мулоқоту вохӯриро оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби  ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва одоби шаҳрнишинӣ баргузор намуданд. Инчунин сохторҳои ҳизбӣ  123 ҳашари дастаҷамъӣ доир намуда, дар доираи онҳо зиёда аз  3500 бех ниҳоли сояафканро шинониданд. Дар ин асно беш аз  1274 чорабинии гуногуни фарҳангию варзишӣ, аксияҳо, фестивалҳо, озмуну семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ – амалӣ дар самти кор бо ҷавонону занон роҳандозӣ карда шуд», — гуфт Раҳмонзода.

Дар идома Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тазаккур дод, ки ҳамзамон бо мақсади дастгирӣ ва амалӣ намудани ташаббуси навбатии Раиси шаҳри Душанбе оид ба низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба 110 нафар ғолибону иштирокчиёни озмуну маҳфилҳо, аз қабили донандаи беҳтарин забонҳои хориҷӣ, хонандагону донишҷӯён ва фаъолҷавонони ҳизбии шаҳри Душанбе бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд.

Бино ба гузориши З. Раҳмонзода, соли дуюм аст, ки дар арафаи соли нави хониш, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо бо ҷалби шахсони эҳсонкору саховатпеша аксияи хайриявии «Роҳ ба сӯйи мактаб»-ро бо тақдими сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш, барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ бо фарогирии беш аз 100 нафар  кӯдакони ятиму бепарастор  доир менамояд.

«Инчунин кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ бо ҷалби шахсони эҳсонкору саховатманд ба 2011 оилаи ниёзманду бепарастор, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ятимону барҷомондагон кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд», — ёдовар шуд Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе.

Илова бар ин, ӯ иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 483 нафар шаҳрвандон ба кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ муроҷиат карданд, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии дархости онҳо аз ҷониби масъулин чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Ҳамзамон мавсуф оид ба рафти омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода таъкид дошт, ки мо бояд дар интихобу пешбарии номзадҳо диққати ҷиддӣ диҳем ва номзадҳо бояд аз ҳисоби фаъолону масъулиятшиносон ва ҷавонону занон пешбарӣ карда шаванд, то барои баргузор шудани интихоботи озоду шаффоф мусоидат намоянд.

Дар музокира Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхӯҷа Азизов оид ба  ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб дар  нуҳ моҳи соли 2019, корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баромад намуданд.

Дар ин миён мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов сухан карда, оид ба вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода,  ҷоннок намудани корҳои ташкилӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ибрози андеша намуд.

Дар рафти маҷлис ғолибони озмунҳои «Ташкилоти ҳизбии маҳаллаи беҳтарин», «Иншои беҳтарин» ва  фаъолони ҳизб, ки дар пешбурд ва амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи  ҲХДТ нақши намоён доранд, бо ифтихорномаву сипосномаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 16, 2019 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд барои қадршиносии иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ 477 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
НА ҲАМА ЧИРО ЯКБОРА ИСТЕЪМОЛ КАРДАН МУМКИН АСТ. Ғизошиноси тоҷик роҳи дурусти баромадан аз рӯзадории моҳи Рамазонро гуфт
Доир ба нақши худидоракунии маҳаллӣ дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки дар иди Фитр ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд
Дар Конибодом корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр идома доранд
Бори нахуст дар Тоҷикистон ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамоз анҷом дода шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Тоҷикистон ба 300 оила кумаки башардӯстона расонида шуд
Сокинони деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон соҳиби нуқтаи оби тозаи нӯшокӣ шуданд
БРИТАНИЯИ КАБИР БА ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ОМОДА АСТ. Имсол 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Британияи Кабир сафарбар мегарданд
Дар Агентии хизмати давлатӣ масъалаи пардохти музди меҳнати хизматчиён ҳангоми таҳсил баррасӣ гардид
ШАҲРИ ЗЕБОИ МАН. Милитсияи Хатлон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба бунёдкорӣ иқдом гирифт