Корвони саломатӣ ба 650 нафар сокинони Рашт кумаки ройгони тиббию санитарӣ расонид

Октябрь 31, 2019 11:55

РАШТ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт тибқи нақшаи кории муштарак байни беморхонаи марказӣ ва шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку  деҳоти  Боқӣ Раҳимзода, Оби меҳнат, Ҷафр, Ҳоит ва Ясман  Корвони саломатӣ ба роҳ мондааст. Дар ин маърака 15 нафар табибони ботаҷриба  иштирок намуда,  ба 650 нафар сокинон  кумаки ройгони аввалини тиббию санитарӣ расониданд.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи тандурустии ноҳия, зимни баргузории маърака аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим зиёда аз 3100 дона китобчаю дастурамал ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО, домана, гепатитҳои вирусӣ, бемории сил, фишорбаландӣ, диабети қанд, омилҳои ирсӣ, никоҳи хешу таборӣ, модаршавии бехавф ба тариқи ройгон ба аҳолӣ дастрас карда шуданд.

Ҳамзамон зимни он табибон оид ба  пешгирии бемориҳои зикршуда бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Октябрь 31, 2019 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад