Муроҷиати шаҳрванди пойтахт ба суроғаи электронии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид

Октябрь 11, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 11.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Кормандони Бозрасии давлатии  автомобилии  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ронандаҳои вайронкунандаи қоидаиҳои ҳаракат дар роҳро, ки истиқоматкунандаҳои шаҳри Душанбе — Фахриддин Одинаев  (мошинаи тамғаи Лексус 250, қайди давлатиаш 0004НО01),   Ҳасан Сафаров (мошини тамғаи Хундай Солярис мансуб ба Ширкати «Рахш-таксӣ», қайди давлатиаш 8423 ТТ05) ва Акмал Неъмонов (мошини  тамғаи Опел-зефира, рақами қайди давлатиаш 2986НА01) мебошанд, ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  як сокини  пойтахт ҳисси баланди шаҳрвандӣ нишон дода,  ба суроғаи электронии  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе  навори  ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳро  аз ҷониби ронандагони мазкур   ирсол намуд. Кормандони БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  ин муроҷиатро  мавриди баррасӣ қарор дода,  нисбат ба ин ронандагон  барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  санадҳои маъмурӣ тартиб доданд.

Ёдовар мешавем, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии  қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва  амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа  қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи  суроғаи электронӣ (rvkddushanbe@mail.ru), телефони боварӣ (+99237) 221-15-00) ва саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук  «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахтро    ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Онҳо дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан метавонанд  тавассути суроғаҳои  зикршуда ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Октябрь 11, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид