Намояндагони ВАО-и ватанӣ дониши худро доир ба бехатарии иттилоотӣ такмил медиҳанд

Октябрь 8, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 08.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 10 нафар кормандони воситаҳои ахбори  оммаи ватанӣ зарфи се рӯз – аз 7 то 10 октябр дар доираи машғулияти «Бехатарии  иттилоотӣ  ва нақши медиа  дар шабакаҳои иҷтимоӣ» донишу малакаи худро такмил медиҳанд. Академияи воситаҳои ахбори оммаи  Тоҷикистон   аз созмондиҳандагони машғулият барои намояндагони ВАО-и ватанӣ буда, ҳадафаш боло бурдани савияи тахассусии кормандони эҷодию техникии шабакаҳои радиоию телевизионӣ ва нашрияҳо мебошад.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, бо мақсади риояи бехатарии иттилоотӣ ва нақши ВАО зимни истифодаи имконоти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ «Академияи ВАО» силсилаи машғулиятҳоро доир менамояд, ки он барои баланд бардоштани фарҳанги истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, таъмини бехатарии иттилоот ва ҳифзи иттилоот замина фароҳам меорад.

Муддати се рӯз коршиносони варзидаи соҳаи бехатарии иттилоотӣ Асомиддин Атоев ва Муҳаммадӣ  Ибодуллоев ба кормандони ВАО доир ба истифодаи самараноки интернет маълумот дода,  дар мавзӯъҳои «Рушди медиа тавассути имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ», «Амнияти иттилооотӣ ва бехатарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ», «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ» машғулият мегузаронанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони ВАО 20 феврали соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фаъолияти ВАО-и мамлакатро ҳамаҷониба  таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки дар шароити кунунӣ рақобатпазир будани ВАО шарти зарурист. Аз ҷумла, ҷиҳати истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва истифодаи муассир аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи дастовардҳои давлати мустақиламон дастуру ҳидоятҳо манзур гардид.

Октябрь 8, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд