ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 27-32 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, дар шаҳри Душанбе рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






