ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Октябрь 14, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 14.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 октябр дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои алоҳидаи қисмати ҷануби навоҳии тобеи марказ баландшавии сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва РМ-10 дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бинобар ин ба шаҳрвандон тавсия  дода мешавад, ки дар тӯли рӯз аз сайругашти дурудароз дар маҳалҳои наздикии шоҳроҳҳои калони сернақлиёт худдорӣ намоянд. Ин,  пеш аз ҳама, ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомиладор ва шахсони гирифтори бемориҳои фишорбаландӣ дахл дорад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва   рӯзона    12+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи   бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  16+21  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11  ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо   суръати 4-9 метр дар як сония   мевазад.  Чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона  23+35  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 14, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад