ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок дар назар аст

Октябрь 28, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.    Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борон ва барф пешбинӣ шудааст.    Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5   ва рӯзона 14+19 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа  хунук ва рӯзона 0+5  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва   рӯзона    8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи    бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона  14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10  ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1+6  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона  21+23 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 28, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе