ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешбинӣ шудааст

Октябрь 15, 2019 08:03

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  шаҳри Душанбе, ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои алоҳидаи қисмати ҷануби навоҳии тобеи марказ баландшавии сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосфера аз чангу хок пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5-10 дараҷа  хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва   рӯзона    15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри   бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона  18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12  ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 8+10 ва  рӯзона  24+ 26  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 15, 2019 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад