ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона борон меборад. Рӯзона ҳавои бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






