Омӯзгорони фаъоли Душанбе, ки шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд, мукофот гирифтанд

Октябрь 7, 2019 13:25

ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   бахшида ба Рӯзи омӯзгор барои  муаллимони фаъоли шаҳри Душанбе, ки   шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба   гирифтани  ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ба  ҳар кадоме ба сифати мукофот 3 ҳазор  сомонӣ ҷудо гардид. Ин туҳфаҳои молӣ ба 52 нафар омӯзгорони пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи омӯзгорон» дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ»-и пойтахт  доир гардид, супорида шуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ҷамъомад ба кормандони фаъоли соҳа, ҳамчунин бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддию  маънавии омӯзгорони фаъоли пойтахт, тарғиби таҷрибаи пешқадами  омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми онҳо  дар ҷомеа мукофотҳои соҳавии вазоратҳои маориф ва илм ва  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Сипас  дастагули мусиқӣ, ки аз ҷониби  Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо  иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавону умедбахши пойтахт   таҳия шуда буд,   пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Ҳоло  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8618 нафар омӯзгорон  дар таълиму тарбияи 197 ҳазору 594   нафар шогирдон  саҳм мегузоранд.

Хотиррасон менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон ва  ҳавасмандгардонии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Мақомоти мазкур дар баробари  бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани  неруи зеҳнии омӯзгорон низ  чораҳои зарурӣ  амалӣ менамояд.  Аз ҷумла, моҳи майи соли равон  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид. Системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати он  ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.

«Тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаи зикршуда, дар ин давра баргузор намудани мизҳои мудаввар вобаста ба мақсад, вазифаҳо ва дурнамои рушди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, машғулиятҳои  омӯзишӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ, инчунин ташкили чунин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои истифодаи технологияи нави иттилоотию таълимӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст»,-илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе амалигардонии барномаи мазкурро ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, хайрияҳо ва сарпарастони барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар шашмоҳа ҳисобот пешниҳод менамояд.

Метавон гуфт, ки амалисозии Барнома ба такмил додани системаи амалкунандаи такмили ихтисос, бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи шаклҳои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Октябрь 7, 2019 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд