Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот: баъд аз 4 давр дастаи вилояти Суғд пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯзҳо дар маҷмааи варзишии «Борбад»-и шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар сатҳи баланд идома дорад. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва якдастаӣ аз Суғду Бадахшон ширкат доранд. Иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ дар 7 давр бозӣ мекунанд. Пас аз натиҷагирии 4 даври мусобиқа дастаи вилояти Суғд бо 21 хол пешсаф аст. Душанбе-1 бо 19,5 хол дар ҷои дуюм, ВМКБ бо 17,5 хол дар мақоми сеюм мавқеъ доранд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синн 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат-2019
Марҳилаи ниҳоӣ
Даври 1-ум
Суғд – Ҳисор – 6:0
Душанбе-1 – Рашт – 6:0
Душанбе-2 – Хатлон – 4,5:1,5
ВМКБ – Хатлон-2 – 5:1
Даври 2-ум
Суғд – Душанбе-1 – 3:3
ВМКБ – Ҳисор – 5:1
Хатлон-1 – Рашт – 5:1
Душанбе-2 – Хатлон-2 – 5:1
Даври 3-ум
Суғд – Хатлон-1 – 6:0
Душанбе-1 – Ҳисор – 6:0
Хатлон-2 – Рашт – 5,5:0,5
Душанбе-2 – ВМКБ – 4,5:1,5
Даври 4-ум
Суғд – Хатлон-2 – 6:0
Душанбе-1 – Хатлон-1 – 4,5:1,5
ВМКБ – Рашт – 6:0
Ҳисор – Душанбе-2 – 4:2








Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард






