Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот: баъд аз 4 давр дастаи вилояти Суғд пешсаф аст

Октябрь 4, 2019 15:32

ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем,  имрӯзҳо дар маҷмааи варзишии «Борбад»-и шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар сатҳи баланд  идома дорад. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва якдастаӣ аз Суғду Бадахшон ширкат доранд. Иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ дар 7 давр бозӣ мекунанд. Пас аз натиҷагирии 4 даври мусобиқа дастаи вилояти Суғд бо 21 хол пешсаф аст. Душанбе-1 бо 19,5 хол дар ҷои дуюм, ВМКБ бо 17,5 хол дар мақоми сеюм мавқеъ доранд.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синн 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат-2019
Марҳилаи ниҳоӣ

Даври 1-ум
Суғд – Ҳисор – 6:0
Душанбе-1 – Рашт – 6:0
Душанбе-2 – Хатлон – 4,5:1,5
ВМКБ – Хатлон-2 – 5:1

Даври  2-ум
Суғд – Душанбе-1 – 3:3
ВМКБ – Ҳисор – 5:1
Хатлон-1 – Рашт – 5:1
Душанбе-2 – Хатлон-2 – 5:1

Даври  3-ум
Суғд – Хатлон-1 – 6:0
Душанбе-1 – Ҳисор – 6:0
Хатлон-2 – Рашт – 5,5:0,5
Душанбе-2 – ВМКБ – 4,5:1,5

Даври  4-ум
Суғд – Хатлон-2 – 6:0
Душанбе-1 – Хатлон-1 – 4,5:1,5
ВМКБ – Рашт – 6:0
Ҳисор – Душанбе-2 – 4:2

Октябрь 4, 2019 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад