Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот миллион нафарро ба ҳам овард
ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат таърихӣ шуд. Дар умум ҳудуди як миллион нафар дӯстдорони шоҳмот ба он ҷалб гардиданд, ки дар таърихи мамлакат бори аввал аст. Ин нуктаро котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов иброз дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмааи варзишии «Борбад»-и шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат шурӯъ гардид. Дар мусобиқа 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва якдастаӣ аз вилоятҳои Суғду Бадахшон ширкат доранд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо ҳидоят ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бори аввал доир мегардад. Иштирокчиён то 5 октябр дар 7 давр бозӣ мекунанд. Аллакай ду даври мусобиқа натиҷагирӣ карда шуд. Дар даври аввал дастаи Суғд бар дастаи минтақаи Ҳисор бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Душанбе-1 бо ҳамин ҳисоб дастаи минтақаи Раштро шикаст дод. Душанбе-2 бар дастаи Хатлон-1 (4,5:1,5) ва ВМКБ бар дастаи Хатлон-2 (5:1) ғалаба карданд. Дар даври дуюм дастаҳои Суғд бо Душанбе-1 мусовӣ (3:3) бозӣ карда, ВМКБ бар дастаи минтақаи Ҳисор, Хатлон-1 бар Рашт, Душанбе-2 бар Хатлон-2 бо ҳисоби якхелаи 5:1 пирӯз гардиданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду давр дастаи ВМКБ бо 10 хол пешсаф аст.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синн 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ба марҳилаи финалӣ беҳтарин шоҳмотбозон дар натиҷаи 3 марҳилаи интихобӣ роҳ ёфтаанд. Марҳилаи аввали интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир гардид. Марҳилаи дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз 5 то 25 сентябр ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат гирифт.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд






