Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот миллион нафарро ба ҳам овард

Октябрь 2, 2019 17:16

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат таърихӣ шуд. Дар умум ҳудуди як миллион нафар дӯстдорони шоҳмот ба он ҷалб гардиданд, ки дар таърихи мамлакат бори аввал аст. Ин нуктаро котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов иброз дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмааи варзишии «Борбад»-и шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат шурӯъ гардид. Дар мусобиқа 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва якдастаӣ аз вилоятҳои Суғду Бадахшон ширкат доранд. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар  дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  мусобиқаи мазкур бо ҳидоят ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бори аввал доир мегардад. Иштирокчиён то 5 октябр дар 7 давр бозӣ мекунанд. Аллакай ду даври мусобиқа натиҷагирӣ карда шуд. Дар даври аввал дастаи Суғд бар дастаи минтақаи Ҳисор бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Душанбе-1 бо ҳамин ҳисоб дастаи минтақаи Раштро шикаст дод. Душанбе-2 бар дастаи Хатлон-1 (4,5:1,5) ва ВМКБ бар дастаи Хатлон-2 (5:1) ғалаба карданд. Дар даври дуюм дастаҳои Суғд бо Душанбе-1 мусовӣ (3:3) бозӣ карда, ВМКБ бар дастаи минтақаи Ҳисор, Хатлон-1 бар Рашт, Душанбе-2 бар Хатлон-2 бо ҳисоби якхелаи 5:1 пирӯз гардиданд.

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду давр дастаи ВМКБ бо 10 хол пешсаф аст.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синн 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба марҳилаи финалӣ беҳтарин шоҳмотбозон дар натиҷаи 3 марҳилаи интихобӣ роҳ ёфтаанд. Марҳилаи аввали интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир гардид. Марҳилаи дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз 5 то 25 сентябр ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат гирифт.

Октябрь 2, 2019 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид