Ҷоми Тоҷикистон-2019: «Истиқлол» дастаи «Ҳулбук»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб намуд
ДУШАНБЕ,03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол бо ширкати чаҳор даста (се дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал) баргузор шуданд. Дар як бозӣ мизбонон ғолиб омаданд, бозии дигар бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи Лигаи олӣ — «Истиқлол»-и Душанбе — дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор намояндаи лигаи аввал — «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб намуд. Дар ин вохӯрӣ чаҳор голи дастаи «Истиқлол»-ро Муҳаммадҷон Раҳимов ва як голи дигарро Искандар Ҷалилов ба ҳадаф расониданд.
Дар бозии дигар, ки дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, ду дастаи Лигаи олӣ — «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Оятулло Сафаров, бозингари меҳмонон, дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Дилшод Бозоров дар нимаи дуюми дидор зад.
Бозиҳои ҷавобии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 рӯзҳои 2-3 ноябр доир мегарданд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
1/2 финал. Бозиҳои аввал
1 октябр (сешанбе)
«Истиқлол» – «Ҳулбук» — 5:0
Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 26 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 38 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 69 (3:0). Искандар Ҷалилов, 86 (4:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+2 (5:0).
Беҳтарин бозингари дидор: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
2 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1
Голҳо: Оятулло Сафаров, 24 (0:1). Дилшод Бозоров, 58 (1:1).
Беҳтарин бозингари дидор: Расул Пайзов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
2 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб бори 28-ум аст, ки баргузор шуда истодааст. Дар ин муддат ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – ҳафт бор – «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода шаш бор, «Хуҷанд»-и Хуҷанд чаҳор бор, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Варзоб»-и Душанбе ва «Парвоз» (собиқ «Авиатор»)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, «Помир»-и Душанбе, «Ситора»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






