Ҷоми Тоҷикистон-2019: «Истиқлол» дастаи «Ҳулбук»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб намуд

Октябрь 3, 2019 15:44

ДУШАНБЕ,03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол бо ширкати чаҳор даста (се дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал) баргузор шуданд. Дар як бозӣ мизбонон ғолиб омаданд, бозии дигар бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи Лигаи олӣ — «Истиқлол»-и Душанбе — дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Ҳисор намояндаи лигаи аввал — «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби  калони  5:0 мағлуб намуд. Дар ин вохӯрӣ чаҳор голи дастаи «Истиқлол»-ро Муҳаммадҷон Раҳимов ва як голи дигарро Искандар Ҷалилов ба ҳадаф  расониданд.

Дар бозии дигар, ки дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, ду дастаи Лигаи олӣ — «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Оятулло Сафаров, бозингари меҳмонон, дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Дилшод Бозоров дар нимаи дуюми дидор зад.

Бозиҳои ҷавобии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 рӯзҳои 2-3 ноябр доир мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

1/2 финал. Бозиҳои аввал

1 октябр (сешанбе)

«Истиқлол» – «Ҳулбук» — 5:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 26 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 38 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 69 (3:0). Искандар Ҷалилов, 86 (4:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+2 (5:0).

Беҳтарин бозингари дидор: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

2 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1

Голҳо: Оятулло Сафаров, 24 (0:1). Дилшод Бозоров, 58 (1:1).

Беҳтарин бозингари дидор: Расул Пайзов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

2 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб бори 28-ум аст, ки баргузор шуда истодааст. Дар ин муддат ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – ҳафт бор – «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода шаш бор, «Хуҷанд»-и Хуҷанд чаҳор бор, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Варзоб»-и Душанбе ва «Парвоз» (собиқ «Авиатор»)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, «Помир»-и Душанбе, «Ситора»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Октябрь 3, 2019 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд