Пагоҳ дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии занон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа» Форуми ҷумҳуриявии занон баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, форуми мазкур таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар»- Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон баргузор шуда, дар он иштироки олимону муҳаққиқони ҷавон, занони барӯманди ҷумҳурӣ, намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, муовинони соҳавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби занон, донишҷӯдухтарон ва гирандагони стипендияҳои Президентӣ дар назар аст.
Форуми мазкур фарогири масоили мубрами ҷомеа буда, он якчанд бахшҳоро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ, сабабҳо ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти мамлакат, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва нақши бонувон дар рушди илм ва инноватсия аз бахшҳои муҳими форум маҳсуб меёбанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






