Пагоҳ роҳбарияти шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот менамояд

Октябрь 23, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 23.10.2019./АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 24 октябр,  дар Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза» мулоқоти   роҳбарияти шаҳри Душанбе бо  ҳайати  шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямен  Чжан Сзян  сурат мегирад.  Мақсад аз мулоқоти мазкур таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба дар асоси «Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва Ҳукумати ҳалқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ –иқтисодӣ», ки  20 июни соли 2013 ба имзо расида буд, мебошад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати мазкур  шоми имрӯз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ба иттилои манбаъ,  дар ҳошияи сафари мазкур  баргузории  мулоқоти  ин  ҳайат бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин меҳмонон   аз Мамнуъгоҳи фарҳангӣ-таърихии «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва як зумра  корхонаву муассиса, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Душанбе боздид ба амал меоранд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчӣ (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва музофоти Хайнан ( 21 августи соли 2017), шаҳри  Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин (18 сентябри соли 2018)  робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

Хотиррасон  мешавем, ки соли 2013 шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳри Душанбе аҳдномаи бародаршаҳрӣ баста буд.

20 июни соли 2013  дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидааст.

Ёдовар  мешавем, ки  18 сентябри соли 2018  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои  Ҷумҳурии Мардумии Чинро  ба имзо расониданд. Санади мазкурро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии ин шаҳр Раиси шаҳри Чиндао  Менг Фанли имзо карданд.

Бояд зикр намуд, ки Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафарааш маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ, «пойтахти кино  ва олимпиада», маркази илмию тадқиқотии баҳрӣ дар соҳаи инноватсионӣ ба шумор меравад.

Чиндао бо зиёда аз 700 бандари ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон дар қолаби бародаршаҳрӣ муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба роҳ мондааст.

Октябрь 23, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид