Пешгӯии обуҳавошиносон: моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ 1 — 1,5 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба меъёри муқаррарӣ наздик ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 1 — 1,5 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда, моҳи октябр дар вилояти Хатлон ва водиҳои тобеи марказ ҳарорат тибқи меъёри муқаррарӣ мешавад. Дар ин моҳ гармии миёнаи ҳаво 13-15 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар водиҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст. Танҳо даҳаи дуюм ва сеюми моҳи октябр эҳтимоли пастшави ҳарорати ҳаво ва то 12-17 дараҷа расидани он дар назар аст. Дар даҳаи якум ва охири моҳи октябр боришоти гуногун ба амал меоянд, ки аз меъёри муқаррарӣ камтар мебошанд.
Дар вилояти Суғд ҳарорат наздик ба меъёри муқаррарӣ буда, дар водиҳо 11-14 дараҷаро ташкил медиҳад. Умуман ҳарорат давоми моҳ тағйирёбанда буда, шабона ҳаво аз 7-12 то 4-9 ва рӯзона аз 18-23 то 14-19 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Миқдори боришот низ дар Суғд тибқи меъёри муқаррарӣ ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёр каму беш зиёдтар пешбинӣ шудааст. Эҳтимоли шиддат гирифтани шамол дар рӯзҳои алоҳида дар назар буда, то 12-17 метр дар як сония мевазад.
Дар қисматҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво аз рӯи меъёр 1-1,5 дараҷа сард мешавад. Давоми моҳи октябр ҳарорат дар қисматҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби вилояти Бадахшон тағйрёбанда буда, шабона аз 5-10 то 0-5 дараҷаро ташкил медиҳад.
Рӯзона ҳаво аз 15-20 то 10 -15 дараҷа гарм мешавад. Дар ин давра дар ин минтақаҳо миқдори боришот зиёдтар пешбинӣ шудааст.








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






