Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд

Октябрь 10, 2019 10:24

ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна, оғоз бахшиданд.

Меҳмонхонаи «Сафо плаза» бо тарҳу усули муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд мегардад. Ин тадбир дар рушду пешрафти бештари соҳаи сайёҳии мамлакат ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.

Иншоот дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад ва дар он қариб 60 нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи замонавӣ аз 12 ошёна ва 97 ҳуҷра иборат мебошад. Дар меҳмонхонаи сеситорадор дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида мешавад.

Дар бинои муосир ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толори машваратӣ, толори варзиш, кинотеатр, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва ғайра ба инобат гирифта шудааст.

Дар ороиши намои берунаи бино нақшу нигори миллӣ истифода бурда мешавад.

Дар ин мавзеъ ҳамчунин аз тарафи коргарони ширкати «Декор Инвест» дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд карда мешавад.

Тибқи нақша, 22 бинои истиқоматии дар ин ҷо бунёдшаванда аз 6, 7 ва 8 ошёна иборат мебошанд. Кӯдакистон барои дар як вақт ба тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак ва мактаб барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар шаҳраки нав маркази хизматрасониҳои коммуналӣ ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ ташкил карда мешавад.

Шаҳраки мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд шуда, муҳлати сохтмони он дар се марҳила 5 сол муқаррар гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят карданд.
Оғози корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 10.10.2019

Октябрь 10, 2019 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд