Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 30, 2019 16:57

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки таъмини амнияту суботи умумии мо яке аз бахшҳои калидии ҳамгироии Тоҷикистону Россия мебошад ва дар ин ҷода ҳамкории мо ба таври матлуб рушд карда истодааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шаванд. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду давлат зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории низомӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва таҳкими робитаҳои байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев 30.10.2019

Октябрь 30, 2019 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд