Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин зимн ҷонибҳо муносибатҳои пурмуҳтавои байнипарлумониро дар доираи шарикии стратегӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда ба густариши тамоми маҷмуи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи саривақтии созишномаҳои дуҷонибаи қаблан баимзорасида, рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, фарҳанг, низомиву техникӣ ва муҳоҷират табодули афкори судманд анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистон ва дарёфти роҳу усулҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба ин мавзӯъҳои тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин хатари таҳмили ақидаҳои ифротӣ бар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.
Дар ҷараёни баррасии ҷанбаҳои мухталифи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ ба бахши маориф диққати махсус зоҳир карда шуд.
Сарвари давлати мо аҳамияти фаъолияти муваффақонаи шуъбаҳои муассисаҳои таълимии пешбари Россия – Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Москва (МИСиС), Донишкадаи энергетикӣ, ҳамчунин Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россияро дар Тоҷикистон ба таври хосса таъкид карданд.
Пешвои миллат таваҷҷуҳи Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россияро ҳамчунин ба зарурати тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи сохтмони панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ҷалб карданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд






