ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Re-Export чист ва зери мафҳуми «реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид?
ДУШАНБЕ, 18.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Сокини хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Парвиз Муродӣ дар муроҷиаташ ба бахши «Пурсед, ҷавоб медиҳем»-и сомонаи АМИТ «Ховар» суол додааст, ки зери мафҳуми «Re-export», реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид?
Барои посух пайдо кардан ба ин суол хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА ба мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ –Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии ин ниҳод Ҷамшед АБДУҚОДИРЗОДА суҳбат анҷом дод.
АМИТ «Ховар»: Лутфан бигӯед, ки ре-экспорти мол чист?
Ҷ. Абуқодирзода: — Тибқи талаботи моддаи 239 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон реэкспорт — низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин қаламрав бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнуият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегардад.
АМИТ «Ховар»: — Ре-экспорт дар кадом маврид амалӣ карда мешавад?
Ҷ. Абдуқодирзода: Бо назардошти талаботи моддаи 240 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартҳои зерин ҷойгир карда мешавад:
1) Баровардани молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми муайяни гумрукӣ.
2) Баровардани моли қаблан барасмият даровардашуда таҳти низоми гумрукии иҷозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 Кодекси гумрук.
3) Содироти молҳои хориҷӣ, ки таҳти амалиёти коркард қарор нагирифтаанд ва қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шудаанд.
4) Содироти молҳои хориҷӣ, ки қаблан таҳти низомҳои гумрукии анбори гумрук, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ қарор дода шудаанд.
5) Содироти молҳои хориҷии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 1 моддаи 12 Кодекси гумрук).
АМИТ «Ховар»: — Кадом омилҳо сабаб мегарданд, ки молу маҳсулоти ба қаламрави гумрукӣ воридгардида реэкспорт карда шаванд?
Ҷ. Абуқодирзода: — Бояд зикр кард, ки реэкспорт-ин низоми гумрук мебошад. Мутобиқи талаботи банди 2 моддаи 156 Кодекси гумрук шахс ҳуқуқ дорад, ки ҳар навъи низоми гумрукиро дар доираи муҳлати барои ҳар низом муқарраргардида интихоб намояд ё низоми онро тағйир диҳад, яъне қабули низоми реэкспорт танҳо дар сурати дархости асосноки шахси манфиатдор ҷараён мегирад. Ҷойгиркунии мол таҳти низоми гумрукии реэкспорт бо риояи шартҳои муқаррарнамудаи моддаи 240 Кодекси гумрук сурат мегирад. Ҳангоми аз ҷониби шахс риоя кардани низоми гумрукии арзшуда ва шартҳои иҷозати мол мақомоти гумрук вазифадор аст, ки барои таҳти низоми гумрукии арзшуда ҷойгир намудани мол иҷозат диҳад.
АМИТ «Ховар»: — Реэкспорт намудани мол дар кадом моддаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст ва маблағи молу маҳсулоти реэкспортгардидаро кӣ ҷуброн мекунад?
Ҷ. Абдуқодирзода: — Низоми гумрукии реэкспорт дар боби 27 аз моддаи 239 то моддаи 242 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст. Мутобиқи талаботи моддаи 241 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми реэкспорти мол озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо фароҳам оварда мешавад ё баргардонидани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад, агар чунин озодкунӣ ё баргардонидан ҳангоми анҷоми низоми гумрукӣ, ки тибқи он моли дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми содир намудани моли реэкспортшаванда боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд.
Дар асоси моддаи 242 Кодекси гумрук молҳои барои муомилоти озод иҷозат додашуда, ки онҳо дар рӯзи убури сарҳади гумрукӣ дорои камбудиҳо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабанди ё дигар шартҳои муомилоти иқтисоди хориҷӣ мувофиқат намекарданд ва бо ҳамин сабабҳо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд, метавонанд таҳти низоми гумрукии реэкспорт ҷойгир карда шаванд.
1) Агар ин молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои муайян намудани камбудӣ ё дигар ҳолатҳое, ки сабаби баргардонидани онҳо гардидаанд, истифода шуда бошанд.
2) Метавонанд аз ҷониби мақомоти гумрук ҳаммонанд карда шаванд.
3) Давоми 6 моҳ аз рӯзи иҷозати онҳо барои муомилоти озод бароварда шаванд.
Ҳангоми реэкспорти мол маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 397 Кодекси гумрук баргардонида мешаванд.
АМИТ «Ховар»: — Оё соли равон ягон ҳолати реэкспорт гардидани молу маҳсулот аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст? Агар ҳа, пас тавзеҳ медодед.
Ҷ.Абуқодирзода: — Албатта, ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки мол ва воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бо назардошти муроҷиати асосноки субъектони фаъолияти хориҷӣ таҳти низоми гумрукии реэкспорт ҷойгир карда мешаванд. Аз ҷумла, молу воситаҳои нақлиёте, ки бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди мамлакат ворид гардида буданд, таҳти низоми гумрукии реэкспорт ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд. Масалан, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2018 «Дар бораи манъи воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 (мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 15 феврали соли 2018 манъ карда шудааст. Дар ҳамин росто, воситаҳои нақлиёти воридгаштаи соли бароришашон то соли 2005 бо дархости асосноки шахсони манфиатдор мавриди реэкспорт қарор гирифтаанд.
АМИТ «Ховар»: — Асосан кадом намуди молу маҳсулот ва дар асоси кадом санадҳо реэкспорт мешаванд?
Ҷ.Абуқодирзода: — Дар асоси Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Хадамоти гумрук аз 19 июли соли 2007 дар бораи «Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда» таҳти низоми гумрукии реэкспорт молҳои зерин ҷойгир карда мешаванд: моли хориҷӣ, аз ҷумла моли қаблан таҳти дигар низоми гумрукӣ ҷойгиршуда, ки иҷозати ин намуди мол барои муомилоти озод пешбинӣ нашудааст, молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, молҳои таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод қарордошта, инчунин молҳои таҳти амалиёти коркард қарор нагирифта ва қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шуда дохил мешаванд. Инчунин молҳои барои муомилоти озод иҷозат додашуда, ки онҳо дар рӯзи убури сарҳади гумрукӣ, ки дорои камбудиҳо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабандӣ ё дигар шартҳои муомилоти иқтисодии хориҷӣ мувофиқат намекарданд ва аз ҳамин сабабҳо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд; агар чунин молҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти гумрук ҳаммонанд карда шаванд; дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои муайян намудани камбудӣ ё дигар ҳолатҳое, ки боиси баргардонидани онҳо гардидаанд, истифодашуда бошанд; ин молҳо дар давоми 6 моҳ аз рӯзи иҷозати онҳо барои муомилоти озод бароварда шаванд.
АМИТ «Ховар»: — Дар ҷараёни реэкспорт намудани молу маҳсулот намояндагони кадом мақомоти ҳуқуқӣ иҷозати иштирок кардан доранд?
Ҷ.Абдуқодирзода: — Реэкспорти молу воситаҳои нақлиёт дар асоси Кодекси гумрук ва фармоиши Хадамоти гумрук аз 19 июли соли 2007 дар бораи «Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда» амалӣ мегардад. Иштироки намояндаи дигар мақомотро ҳангоми қабули низоми гумрукии реэкспорт санадҳои меъёрию ҳуқуқии мазкур муайян накардааст.
АМИТ «Ховар»: — Дар ин масъала дар байни соҳибкорон ва дигар субъектҳои иқтисодӣ корҳои фамондадиҳӣ бурда мешаванд?
Ҷ.Абдуқодирзода: — Тавре гуфтем, санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунанда дар самти низоми гумрукии реэкспорт Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Хадамоти гумрук аз 19 июли соли 2007 дар бораи «Тартиби ба расмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда» ба ҳисоб мераванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»