Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фонди Қатар оид ба рушд нақша дорад, ки дар оянда бо соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, маориф ва тандурустӣ ҳамкориро густариш дода, ҷиҳати рушди онҳо маблағгузориро бештар намояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, ки дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иттилоъ доданд.
Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, робитаҳои дӯстона ва шарикии созандаро омили муҳими густариши муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ арзёбӣ карданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба раванди амалишавии лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ, бахусус дар бахши энергетика, маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз намуд, ки Фонди Қатар оид ба рушд имкониятҳои маблағгузории худро барои пешбурди лоиҳаҳои калидии мамлакат васеъ намояд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 23 августи соли равон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ доир гардид.
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ иброз дошт, ки «кишвари мо ният дорад, ки ҳамкориро дар Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон вусъат диҳад. Дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имконияти бузург мавҷуд аст».
Ёдовар мешавем, ки 28 августи соли 2025 Созишномаи молиявӣ ба маблағи 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд ба имзо расида буд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






