Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд

Ноябрь 8, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои истеъмолии мамлакат сабзӣ фаровон мебошад, ки нархи он аз 3 то 4 сомониро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ,  имсол нархи сабзӣ нисбат ба дигар маҳсулоти кишоварзӣ 5,1 фоиз арзон мебошад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  соли равон кишоварзони мамлакат дар 4176 гектар сабзӣ кишт карданд. Онхо то имрӯз  аз  3978 гектар 131 ҳазору 567 тонна  сабзӣ ҷамъоварӣ намуданд. Дар кишти такрорӣ дар 5841 гектар сабзӣ кишт шудааст.

Сабзӣ яке аз маҳсулоти асосии истеъмолии аҳолӣ маҳсуб меёбад ва талаботи бозор ба он ҳамеша баланд аст. Маҳз ҳамин омил боиси он гардидааст, ки парвариши сабзӣ дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.

Дар баробари иқлими мусоид, дастгирии техникиву молиявии давлат ва рушди технологияи кишоварзӣ низ ба пешравии соҳа мусоидат менамоянд. Он аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳимтарин сабзавоти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Сабзӣ инчунин барои бисёр давлатҳои ҷаҳон маҳсулоти асосии содиротии кишоварзӣ мебошад. Чин тайи солҳои тӯлонӣ кишвари асосии истеҳсолкунандаи сабзӣ дар ҷаҳон аст. Яке аз дигар давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи сабзӣ Штатҳои Муттаҳидаи Америка мебошад.

Сабзӣ зироати дусола буда, дар соли якум баъди бо тухмаш коридан бехмева дода, дар соли дуюм баъди шинондани бехмевааш тухмӣ медиҳад.

Тибқи маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, 355 намуди сабзӣ мавҷуд аст. Сабзӣ аз реша, поя, барг ва гулҳо иборат аст. Решааш ба умқи замин паҳн гардида, растаниро бо ғизо ва намӣ таъмин мегардонад. Ин растанӣ гармиро меписандад ва ҷамъоварии ҳосили он дар як сол ду маротиба мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабзӣ дар заминҳои васеъ ва наздиҳавлигӣ парвариш карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 8, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд