Рӯзҳои фарҳангии Давлатии Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Давлати Кувайт, ки бори нахуст дар мамлакати мо бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат баргузор гардиданд, анҷом ёфтанд.
Рӯзҳои фарҳангии Давлати Кувайт 15 октябр шурӯъ гардида буданд. Дар ин муддат барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва ноҳияи Варзоб доир шуданд. Ба ин барномаҳо ҳамчунин намоиши расмҳо ва аксҳо, намоиши филми мустанад дар Театри давлати академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, базми шеъру намоиши китоб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва барномаҳои консертӣ ҳамроҳ буданд. Ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзеъҳои ҷолиби мамлакат, аз қабили Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Неругоҳи барқи обии «Норак» ва мавзеъҳои дилрабои Варзоб дидан намуданд.
18 октябр ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ бо роҳбарии муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ ба ноҳияи Варзоб сафар намуд.
Меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ва аҳли фарҳанг бо садои мусиқӣ пешвоз гирифтанд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастранҷи кадбонувони ноҳи- маҳсулоти гулдӯзӣ ва зардӯзӣ ба маъраз гузошта шуда буд.
Тавре раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода иброз дошт, «имрӯз ба сокинони ноҳияи Варзоб, ки як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон аст, муяссар гардид, ки дар фазои сулҳу суботи мамлакат намояндагони давлати ба мо дӯсту бародари Кувайтро, ки бо роҳбарии муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайшӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо хушнудӣ истиқбол гиранд. Маҳз чунин робитаҳои дӯстона имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳою мардумон дар фазои сулҳу ором зиндагӣ намоянд».
Сипас барномаи дилнишини консертии ҳунарпешаҳои кувайтӣ манзури сокинони ноҳияи Варзоб гардид.
Давоми сафари хеш меҳмонон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Варзоб, аз ҷумла Кохи Малика дидан намуда, мафтуни табиати нотакрор, дараи афсонавӣ ва осмони софу обҳои ҷории давлати мо гардиданд.











Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






